ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамчун 18-умин санади башардӯстона, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ қабул мегардад, идомаи мантиқии сиёсати инсонмеҳваронаи давлат ба ҳисоб меравад ва бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва пешниҳод шудааст. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин мавзуъ чунин изҳори назар карданд:
— Авф анъанаи неки давлатдории тоҷикон ва нишонаи сиёсати инсондӯстонаи давлат аст. Инсондӯстӣ ҳамчун яке аз арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои меҳварии давлатдории муосир дар сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусро доро мебошад. Яке аз шаклҳои муҳим ва самараноки ин сиёсат қабули қонунҳои авф мебошад, ки ҳамчун воситаи ҳуқуқии гуманизатсияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ислоҳи муносибати давлат ба шахси ҷиноятсодирнамуда баромад мекунад.
Моҳияти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар татбиқи принсипи инсондӯстӣ, яъне афзалият додан ба ислоҳи шахс нисбат ба ҷазодиҳӣ, баргардонидани шахсони ҷиноятсодирнамуда ба ҳаёти осоишта ва коҳиш додани сатҳи иҷтимоии онҳо ифода меёбад.
Тавре иброз гардид заминаҳои ҳуқуқии эълон намудани авфи умумӣ, Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди таъкид аст, ки авф ин бахшидан, аз гуноҳи касе гузаштан, (амнистия) дар ҳуқуқ тамоман ё қисман аз ҷазо озод намудани шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, кам кардани муҳлати ҷазо ё ба ҷазои нисбатан сабук иваз кардани ҷазои муқарраркардаи суд, инчунин бардоштани доғи судӣ аз шахсоне, ки пеш маҳкум шуда, муҳлати ҷазоро адо кардаанд, мебошад.
Қонуни авф тибқи моддаи 59-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
Тавре аз моддаи 82-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад. Бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад. Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.
Ҳоло аз мушоҳидаҳо баремояд, ки байни аҳолӣ нисбат ба мафҳумҳои «авф» ва «бахшиши ҷазо» гуногунфаҳмиҳои умумӣ вуҷуд дорад. Авф бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва моддаи 59-и Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ гардида, қабул мегардад.
Мувофиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бахшиши ҷазоро амалӣ менамояд, ки он хусусияти фардӣ дошта, нисбат ба шахси мушаххас татбиқ карда мешавад.
Ҳамин тариқ, дар даврони соҳибистиқлолӣ 18 маротиба санадҳои авф қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки Қонуни навбатии қабулшуда 18-умин санади башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ мебошад.
Қонуни авф бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардонидани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, таҳия гардида, дар он меъёрҳои ба танзимдароварандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ шудааст, ки он нисбати зиёда аз 18038 нафар шахсони ҷиноятсодиркарда татбиқ карда мешавад.
Ин қонун аз 22 модда иборат буда, муқаррароти моддаҳои аз 1 то 5-и он ба танзими ҳуқуқии масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани гумонбаршавандагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон бахшида шудаанд.
Аз рӯйи шумораи фарогирӣ бо татбиқи ин моддаҳо тақрибан 11 305 нафар, аз ҷумла
— 4263 нафар аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ;
— 3050 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ;
— 3992 нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.
Ҳамчунин муҳлати ҷазои адонагардидаи 6733 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад.
Айни замон дар муассисаҳои ислоҳӣ 507 нафар зан адои ҷазо доранд, ки нисбат ба ҳамаи онҳо ин санад татбиқ гардида, 248 нафар ё 48,9 фоиз аз адои боқимондаи ҷазо озод шуда, нисбати 259 нафар ё 51 фоиз муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.
Дар муассисаи тарбиявӣ 134 нафар ноболиғ адои ҷазо доранд, ки аз онҳо 99 нафар ё 73,8 фоиз аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар ё 26,1 фоиз муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад.
Ба ҳолати 2 июни соли 2026 дар пешбурди мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд 3283 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 3707 нафар мавриди баррасӣ қарор доранд, ки аз инҳо 1771 нафар айбдоршаванда ва судшаванда дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Аз ҷумла, дар пешбурди мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ 2014 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 2214 нафар (аз ин шумора 156 нафар зан, 36 нафар ноболиғ) ва суд 1269 парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 1493 нафар мавриди баррасӣ қарор доранд.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи сатҳи сиёсиии олиии ҷумҳурӣ ба занон ва ноболиғон хосса нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, нисбат ба занон ва ноболиғон дар моддаҳои 1, 5, 8 ва 9-и ин қонун бартариҳо пешбинӣ шудааст.
Шахсони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содирнамуда, ба истиснои шахсоне, ки ҷинояти дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 212 Кодекси ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Ҳамчунин шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 7 ва 8 ин қонун пешбинишударо содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.
Тибқи моддаи 4-и ин қонун маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се як ҳиссаи ҷазоро адо кардаанд ё барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои боқимондаи ҷазо озод карда мешаванд.
Тартиби аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва қатъ кардани парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва суд дар моддаи 5-и қонун пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин тибқи қонун шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти дар қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 179 (2) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд, агар маблағгузорӣ то 1000 (ҳазор) сомонӣ бошад, инчунин шахсоне, ки ба синни 70-солагӣ расида бошанд, ба истиснои онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 4 моддаи 245, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ва ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, сулҳу амнияти инсоният (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар қонун пешбинишуда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда мешаванд.
Дар моддаи 6-и ин қонун тартиби аз рӯи категорияи ҷиноятҳо кам кардани муҳлати боқимондаи ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин тибқи моддаи 9-и қонун муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар қонун пешбинишуда ба истиснои ҷиноятҳои дар қисми 2 моддаи 10 иброзгардида ба муҳлати аз як то се сол кам кардан пешбинӣ гардидааст.
Аз рӯи доираи фарогирии татбиқи моддаҳои 6 ва 9 қонун муҳлати ҷазои адонагардидаи зиёда аз 6733 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад.
Дар баробари ин, қонун маҳдудиятҳои татбиқи авфро низ пешбинӣ намудааст, ки онҳо асосан нисбат ба шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва ё махсусан вазнин маҳкум шудаанд, дахл дорад.
Шахсони тибқи конун авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда озод карда намешаванд.
Қонун доғи судии шахсонеро, ки то қабули ҳамин қонун ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёнаро содир намудаанд мебардорад.
Ҳамзамон баъди татбиқи қонун иҷроварақа нисбати шахсони авфшуда оиди рӯёниши товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидашуда, барои иҷро ба Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
Қонун ваколати мақомоти давлатиро оид ба тартиби татбиқи санади авф ва муҳлати онро, ки ду моҳ пешбинӣ шудааст, муайян намудааст.
Мақомоти дахлдори давлатӣ барои ба ҷойи кор таъмин намудани шахсони аз адои ҷазо озодшуда, таҳти назорат қарор додани ноболиғон ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, ҳамчунин бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшуда, вазифадор карда шудаанд.
Аз нуқтаи назари илми ҳуқуқ, қонун намунаи равшани гузариши низоми ҷиноятӣ аз модели каратсионӣ ба модели реабилитатсионӣ мебошад, ки дар он мақсади асосӣ на ҷазодиҳӣ, балки ислоҳ ва баргардонидани шахс ба ҷомеа мебошад. Ин раванд бо принсипи гуманизм, ки дар маркази сиёсати ҳуқуқии давлат қарор дорад, пурра мутобиқат мекунад. Дар ин замина метавон гуфт, ки Қонуни авфи соли 2026 на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки ифодаи сиёсати давлатии инсонмеҳвар мебошад, ки дар он инсон ҳамчун арзиши олӣ эътироф мегардад.
Қонуни авфи соли 2026 нишон медиҳад, ки сиёсати ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, ба арзишҳои инсондӯстона ва реабилитатсияи шахсони ҷиноятсодирнамуда низ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дар ин замина, авф ҳамчун воситаи ҳуқуқии татбиқи модели реабилитатсионӣ баромад намуда, ба ислоҳи маҳкумшудагон ва барқарор намудани робитаи иҷтимоии онҳо мусоидат мекунад.
Қабули ин қонун дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, яъне Ваҳдати миллӣ аҳамияти махсус дорад. Он бозгӯи сиёсати пайгиронаи иҷтимоӣ ва инсонмеҳваронаи роҳбарияти давлатро боз ҳам тақвият бахшида ба таҳкми ваҳдат, суботи ҷомеа ва арзишҳои башардӯстона мусоидат менамояд. Ҳамзамон татбиқи ин санад барои барқарор гардидани робитаҳои оилавӣ, беҳтар шудани вазъи иҷтимоии гурӯҳи муайяни шаҳрвандон, фароҳам овардани имконияти дубораи иштирок дар ҳаёти осоиштаи ҷомеа мусоидат хоҳад намуд.
Сиёвуш НАБОТЗОДА,
Шаҳбоз ШОСАИДЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Тоҷикистон ҷамъбаст шуд
Файзалӣ Идизода бо иштирокдорони Форуми «Кӯдакони Иттиҳод» мулоқот намуд
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Дар Боку ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиёӣ (APA) баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Сафири Арабистони Саудӣ Холид ибни Абдуллоҳ аш-Шамронӣ вохӯрӣ намуд
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАР! Ба қадри неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасем






