РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ РУСӢ. Ба омӯзиши он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад

Июнь 6, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 06.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июн Рӯзи байналмилалии забони русӣ мебошад. Ин сана ба рӯзи таваллуди нависанда, шоир ва драматурги шинохтаи рус Александр Пушкин рост меояд. Забони русӣ яке аз шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ мебошад, ки ба омӯзиши он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад.

Солҳои охир дар доираи ҳамкории иқтисодӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Русия 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон бо забони русӣ ба тариқи грант дар Тоҷикистон бунёд гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор маҳсуб мешавад.

«Ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст»,- иброз доштанд Сарвари давлат .

Ба андешаи Пешвои миллат, забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 барои омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон якчанд даври омӯзишӣ мегузаронад.

Гуфта мешавад, ки баргузории даврҳои омӯзишӣ дар асоси «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 тасдиқ шудааст, амалӣ мешавад.

Дар доираи ин даврҳо якчанд чорабиниҳо бахшида ба ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо додани шаҳодатномаи такмили ихтисоси намунаи давлатии русӣ бо ҳуқуқи кор дар давлатҳои Иттиҳои Давлатҳои Мустақил амалӣ мешаванд. Инчунин даврҳои бозомӯзии касбии омӯзгорони фанни забони русӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони тоҷикӣ бо таваҷҷуҳ ба мактабҳои дурдасти деҳот ва баъдан додани дипломи бозомӯзии касбӣ аз рӯи намунаи муқарраршуда ба нақша гирифта шудааст. Диплом ҳуқуқи пеш бурдани фаъолияти касбиро тасдиқ мекунад ва имкон медиҳад, ки аз аттестатсия аз рӯи ихтисоси муаллимони забони русии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилашон ба забони тоҷикӣ гузарад.

Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 59 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилаш пурра бо забони русӣ фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳо зиёда аз 37 ҳазор хонанда таҳсил менамояд.

Инчунин дар ҷумҳурӣ 185 муассисаи таълимии омехта фаъолият менамоянд, ки дар онҳо синфҳои таълимашон бо забони русӣ мавҷуд ҳастанд. Дар умум, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 244 муассисаи таҳсилоти умумӣ синфҳои таълимашон бо забони русӣ фаъолият менамоянд.

Солҳои охир дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки омӯзгорони ин фан намерасиданд, аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ дар шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои миёна ва олии мамлакат омӯзгорон тайёр карда мешаванд ва бо ҳамин роҳ норасоии кадрӣ қариб, ки аз байн меравад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 6, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон