Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад

Июнь 12, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мавқеи меҳварӣ дошта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар радифи қонунҳои соҳавӣ, барномаву консепсияҳои миллии ҳукуматӣ ва давлатии муайянкунандаи фаъолият ва дурнамои соҳаи маориф паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва стратегӣ дар рушди соҳаи илму маориф аҳамияти хоса дорад.

— Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ба шумор рафта, вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакатро таҳлилу баҳогузорӣ менамояд ва барои марҳалаи муайяни рушд вазифаву ҳадафҳои асосиро таъин месозад.

Нуктаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида арзиши дақиқи ҳуқуқӣ низ доранд, зеро паём дар заминаи меъёрҳо ва принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мегардад. Аз ин нигоҳ, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои соҳаи маориф аз ҷиҳати сиёсиву ҳуқуқӣ сарчашмаи боэътимоди таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, барномаву стратегияҳои соҳавӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вазъи феълии илму маорифи мамлакат таҳлил гардида, пешравиҳо дар ин самт, нуқсу камбудиҳо, роҳҳои бартарафсозии норасоиҳо таъкид ёфта, дастуру супоришҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳа пешниҳод мешавад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 идомаи мантиқии паёмҳои пешин буда, соҳаи илму маориф дар маркази андешаҳои президент қарор дорад.

«Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Таърихи «беш аз се даҳсола» воқеан ҳам, гувоҳ аст, ки муносибати давлату ҳукумат ва хосатан Президенти мамлакат ба рушди илму маориф ва аҳли илму маориф чи гуна аст. Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ, гузариш ба низоми миллии маориф, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, таҳияву таълифи барномаву китобҳои дарсӣ, навсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи маориф, таъмин ва таҳкими пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, иштироки Сарвари давлат дар ифтитоҳи иншооти соҳаи маориф, мулоқоту вохӯриҳои ҳамешагӣ бо кормандони соҳаи илму маориф ва чандин далелу иқдомоти дигар андешаҳои иброзшударо собит менамоянд.

Мулоқоти ҳамасолаи Роҳбари давлат бо аҳли илму маориф дар Рӯзи дониш — 1 сенябр ва оғози соли таҳсил бо «Дарси сулҳ» намунаи олии арҷгузории Президенти мамлакат ба соҳаи маориф ва эҳтирому таваҷҷуҳ ба аҳли илму маориф мебошад.

Самти дигаре, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 таҳлилу баҳогузорӣ шудааст, маблағгузории соҳаи маориф мебошад. Соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 25,4 фоиз ва дар қиёс ба соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.

Дар самти дурнамои рушди маориф дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст, ки дар 25 соли оянда шумораи хонандагон ба чор миллион мерасад ва зарур аст, ки барои бештар омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ аз ҳозир чораҷӯӣ карда шавад.

Нуктаи дигари муҳиму арзишманди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муроҷиати Сарвари давлат ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дар тарбияи фарзандон мебошад. Ҳамоҳангсозӣ ва ҷалби се манбаи зеҳнии инсонӣ дар тарбия ва камолоти фарзанд андешаи судманд ва панди зиндагист.

«Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу ҳурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии аниқ дорад», иброз шудааст дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд». Ин андешаи Роҳбари давлат арзиши дастурӣ ва маънавӣ дорад ва на танҳо ба тарбияи як фард, балки барои кулли ҷомеа ва ояндаи ҷамъият нигаронида шудааст.

Ватан, истиқлол, рушду ободӣ, ояндаи некро бидуни тарбияи насли ҷавон дар руҳияи арзишҳои таъкидёфтаи Сарвари давлат тасаввур кардан муҳол аст. Дар тақвияти ин андешаҳо бояд гуфт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардидааст, ки бо дастури Роҳбари давлат китобҳои «Тоҷикони»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абдулқосими Фирдавсӣ ба миқдори 3 миллиону 200 ҳазор нусха нашр гардида, ройгон ба сокинони мамлакат туҳфа карда шуд.

Дар моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо такя ба меъёрҳо ва принсипҳои Конститутсия, масъалаҳои таъмини адолати иҷтимоӣ, коҳиши сахти камбизоатӣ, болоравии дарозумрии аҳолӣ, сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини ҷои корӣ ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян гардидааст. Ҳамасола дар иқтисоди мамлакат зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода мешавад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки дар панҷ соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шавад.

Тибқи супориши Роҳбари давлат, аз 1 сенябри соли 2026 зиёдшавии маоши вазифавии кормандони соҳаи илму маориф ва дигар кормандони соҳаи буҷавӣ, стипендияҳо ба андозаи 20-25 фоиз ва нафақа 15 фоиз пешбинӣ гардид, ки аз иқдомоти навбатии Сарвари давлат дар таҳкими сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат гувоҳӣ медиҳад.

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаҳои нав дар рушду таҳкими давлатдории замони истиқлол маҳсуб меёбад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 низ идомаи ҳамин анъанаҳои давлатдории миллии мамлакат буда, на танҳо омӯзишу таҳқиқи он, балки иҷрои ҳар як нуқта, дастуру супориш ва пешниҳодҳои он барои кулли сокинони ҷумҳурӣ ифтихору шараф ва масъулияти шаҳрванди мебошад.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 ба таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ рост меояд ва масъулияти сокинони ватаниро дар таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ободу зебо гардонидани Тоҷикистон ба маротиб зиёд мегардонад.

Нилуфар ИМОМЗОДА,
муовини раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Неругоҳи барқи обии «Роғун» — шоҳасари созандагӣ ва ободкории миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб гардид
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад