ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 июн, сешанбе, 153-юмин рӯзи соли 2026 аст
2 июни соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
***
2 июни соли 2021 мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Покистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон баргузор гардида, 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот намуданд. Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари доду гирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.
***
2 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Тошканд – пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олимақом- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
***
Дар ҳамин рӯзи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари ин давлати дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.
***
2 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд. Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ҷамъ омада буданд.
***
1 июни соли 2012 дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан дидан намуданд. Бо қарори Шурои илмӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф унвони профессори фахрии илмҳои иқтисодии Донишгоҳи Сямэн дода шуд.
2 ИЮН:
Дар Русия – Рӯзи ғизои солим ва даст кашидан аз исрофкорӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии велосипед
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони авиатсияи шаҳрвандӣ.
РӮЙДОДҲО:
2 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ гардида, ба мустаҳкам намудани ҳамкории мутақобили судманди ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
***
2 июни соли 2004 Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бекор намудани ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.
***
2 июни соли 2009 аввалин намояндагии бонки Русия дар Тоҷикистон «Росселхозбанк» ба фаъолият шуруъ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 байни Душанбе ва Рига (пойтахти Латвия) хатсайри нави ҳавоӣ фаъол гардид.
***
2 июни соли 1896 Гулелмо Маркони итолиявӣ дар ИМА оид ба ихтирои радио аввалин патентро ба даст овард.
***
2 июни соли 1946 дар Италия оид ба сохти давлатдории ояндаи ин мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида буд, ки дар он қариб ҳама шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1963 дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» (ҳоло «Ҷаҳони паём») нашр шудааст.
***
Соли 1975 аввалин маротиба дар таърихи Лондон дар моҳи июн барф боридааст.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 июн, душанбе, 152-юмин рӯзи соли 2026 аст






