ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июн, якшанбе, 172-юмин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 21, 2026 08:00

21 июни соли 2021 туҳфаи гаронарзиш аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  ба сокинони шаҳри Кӯлоб тақдим гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ва рушд Невен Мимитсаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

21 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи умумии Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсияро Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорон бо як овоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бразилия Дилма Русефро ҳамраиси Конференсия интихоб намуданд.

***

13 сол пеш, 21 июни соли 2013 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли  вақти  Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзуъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди истифода қарор гирифт. Он Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри «Аҳорун» номгузорӣ шуд.

21 ИЮН:

 Рӯзи байналмилалии йога.

***

Рӯзи байналмилалии гардиши Офтоб.

***

Рӯзи ҷаҳонии варзиши скейтбординг.

***

Дар Русия — Рӯзи кинологҳо.

РӮЙДОДҲО: 

21 июни соли 2012 масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он муҳокима гардиданд.

***

21 июни соли 2016 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бузургтарин Маркази тиҷоратӣ — «Душанбе мол» ба истифода дода шуд.

***

21 июни соли 2010 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ конфронси дурӯзаи  «Анъана ва равандҳои демократия дар Тоҷикистон» ба кори худ оғоз намуд.

***

21 июни соли 2003 дар натиҷаи таркиши қубури нафт дар Нигерия зиёда аз 100 нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1804 химики англис Смитсон Теннант ҳисоботи ду фулузоти навро бо номи иридия ва осмия дар назди  Ҷамъияти шоҳигарии Британияи Кабир муаррифӣ намуд.

***

Соли 1907 Агентии иттилоотии Амрико Юнайтед Пресс Интернэшнл (ЮПИ) таъсис ёфт.

***

Соли 1948 дар Донишгоҳи Манчестер аввалин барномаи компютерӣ санҷида шуд.

***

 Соли 1970  Бразилия  маротибаи сеюм чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Бразилиягиҳо дар мусобиқаи финалӣ дастаи Италияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Июнь 21, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш