ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июн, чоршанбе, 154-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 3, 2026 08:00

3 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.

***

3 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмонӣ дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.

***

3 июни  соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

3 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳури  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот намуданд. Зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии давлатҳо баррасӣ карда шуд.

***

3 июни соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи таърихии шаҳри Хива «Ичан-Қалъа» ва фабрикаи қолинбофии «Хива Гилам Комбинатӣ» боздид намуданд.

***

3 июни соли 2012  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шаҳри Шанхай ба кони металлҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф оварданд.  Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла, иброз гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтарин ишғол менамояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид маҷмуаи тавсияҳои хӯроки нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистонро дар ҷаҳон беҳтарин эътироф кард.

3 ИЮН:

Рӯзи ҷаҳонии велосипед

РӮЙДОДҲО:

3 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла, масоили вобаста ба ифтитоҳи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж, инчунин вазъи феълии сохтмони манораи назоратию диспетчерӣ ва терминали нави «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

3 июни соли 1956 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд канали Дилварзин ба истифода дода шуд.

***

3 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи 17-уми Шурои  ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози ҷумҳуриҳои узви  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 25-уми Шурои  роҳбарони мақомоти андози кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё  баргузор гардид.

***

3 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе густариши ҳамкории байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон ва таҳкими равобити Душанбе ва Тифлис дар оянда баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1927 дар Юнон Конститутсияи нав қабул карда шуд.

***

3 июни соли 1959 Сингапур Конститутсияи худро қабул намуд ва ҷумҳурии худидоракун гардид.

***

3 июни соли 1992 дар Русия Шурои амният таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1961 дар пойтахти Австрия — шаҳри Вена аввалин мулоқоти баъдиҳарбии роҳбарони Иттиҳоди Шуравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

***

Соли 1928 дар ҷаҳон  аввалин маротиба  дар мағозаҳо фурӯши телевизор  ба роҳ монда шуд ва   савдои он ба таври васеъ  сурат гирифт.  Баъд  аз пайдо шудани нусхаҳои нахустини телевизор олимону муҳандисон дар пайи такмилу ташаккули он пажуҳишу озмоишҳо анҷом дода,  шакли муосири онро рӯи кор оварданд.

***

 Дар ин рӯзи соли  2019  нахустин Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор —  B2B (business to business – тиҷорат барои тиҷорат) дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, доираҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, сармоягузорони хориҷӣ ва корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.

Июнь 3, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш