ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 июн, панҷшанбе, 155-умин рӯзи соли 2026 аст
4 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустинро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин ташриф оварданд.
***
4 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.
4 ИЮН:
Дар Молдова — Рӯзи кормандони бонк.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи рамзҳои давлатӣ.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат фабрикаи маъданғанигардонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Покрӯд» ба фаъолият шуруъ кард.
***
4 июни соли 2010 дар шаҳри Москва аз ҷониби тоҷикон созмони хайриявии «Даргил наник» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд.
***
4 июни соли 1940 дар шаҳри Москва варзишгоҳи «Динамо» мавриди истифода қарор дода шуд.
***
4 июни соли 1956 дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пардохт барои таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ бекор карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1970 Тонга аз Британияи Кабир истиқлолият ба даст овард.
***
4 июни соли 1975 аввалин маротиба пахши мустақими телевизионӣ аз ҷараёни ҷаласаи парлумони Англия сурат гирифт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1956 дар Иттиҳоди Шуравӣ шумораи нахустини киномаҷаллаи ҳаҷвии «Фитил» ба экран баромад.
***
Соли 1922 дар замимаи нашрияи шуравии «Рабочая газета» аввалин шумораи маҷаллаи суратдори «Рабочий» нашр шуд, ки пас аз чанд вақт номи «Крокодил»-ро гирифт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 июн, чоршанбе, 154-умин рӯзи соли 2026 аст






