ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 июн, шанбе, 157-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.
***
6 июни соли 2022 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки осиёии рушд Шиксин Ченро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
***
6 июни соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо суханронӣ намуда, бо роҳбарияту вакилони парлумон, Дабири кулли Шурои Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо мулоқоту суҳбатҳои судманд анҷом доданд.
***
6 июни соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо президентҳои Покистон, Эрон ва Афғонистон мулоқот анҷом доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ бо медали тиллои Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардонда шуданд.
6 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии забони русӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии ҳашароти зараррасон
***
Дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон.
***
Дар Қазоқистон — Рӯзи полиси молиявӣ.
***
Дар Шветсия- Рӯзи миллӣ
РӮЙДОДҲО:
6 июни соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон муносибатҳои дипломатӣ барпо гардиданд.
***
6 июни соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, дараҷаи 3 сарфароз гардонда шуд.
***
6 июни соли 2011 дар шаҳри Страсбурги Фаронса Конвенсия дар бораи дар Аврупо эътироф намудани маълумоти олии дар Тоҷикистон гирифташуда ба имзо расид.
***
6 июни соли 2012 ҷаласаи даҳуми прокуророни генералии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1664 Амстердами Нав ба Ню-Йорк тағйири ном кард.
***
6 июни соли 1932 дар Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон марафони дарозтарини рақсӣ оғоз гардид, ки 4125,5 соат (то 30 ноябр) давом кард.
***
6 июни соли 1981 дар иёлати Биҳари Ҳиндустон аввалин маротиба дар таърихи садамаҳои роҳиоҳании ҷаҳон садамаи калон рух дод, ки дар натиҷаи он зиёда аз 800 нафар ҳалок гардиданд.
***
6 июни соли 1922 аввалин маҷаллаи адабӣ-тасвирии Иттиҳоди Шуравӣ барои занон бо номи «Крестьянка» нашр шуда буд. Ҳоло ин маҷалла дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Русия барои занон нашр мешавад.
***
Соли 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон дастаи Норвегия дастаи Нигерияро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб кард, ки ин ҳамчун ғалабаи рекордӣ эътироф шуд.
***
Соли 1997 дар Чин тухми калонҳаҷмтарини шутурмурғ дар ҷаҳонро пайдо карданд, ки 2,35 кг вазн ва 18,67 см қутр (диаметр) дошт.
***
Соли 1999 аввалин маротиба вируси «Worm.ExploreZip» пайдо шуда буд, ки ҳазорҳо компютерро дар ҷаҳон сироят кард.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июн, ҷумъа, 156-умин рӯзи соли 2026 аст






