ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 июн, душанбе, 159-умин рӯзи соли 2026 аст
8 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
8 июни соли 2025 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд.
***
8 июни соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонун: «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилоти бахши давлатӣ» имзо гузоштанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии «Такоб» боздид намуданд. Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.
***
8 июни соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба масоили Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла, дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, маориф ва ғайра баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Расадхонаи байналмилалии астрономии «Санглох»-и Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд. Бояд гуфт, ки расадхона аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ дар ҷаҳон беҳтарин аст.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таълимии томактабии хусусии «Cherry Kid’S Academy»-ро, ки дар кӯчаи Туниси пойтахт воқеъ аст, мавриди истифода қарор доданд.
***
8 июни соли 2011 ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия-шаҳри Вена дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ иштирок намуд.
8 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии уқёнус.
***
Дар Русия — Рӯзи кормандони ҷамъиятӣ.
РӮЙДОДҲО:
8 июни соли 2022 баъди анҷоми ҷаласа ва дигар ҳамоишҳо дар доираи Раванди оби Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Лю Женмин барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Номбурдагон Раванди оби Душанберо натиҷагирӣ карда, ба хабарнигорон маълумоти муфассал доданд. Аз натиҷаи конфронс Эъломияи Душанбе 2022 қабул гардид.
***
8 июни соли 2011 дар шаҳри Вена-пойтахти Австрия байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
8 июни соли 1784 дар Каролинаи Ҷанубӣ аввалин маротиба дар шимоли Америка ҳодисаи ҳалокати одамон дар натиҷаи боридани жола ба қайд гирифта шуд.
***
8 июни соли 1815 Полша ба Русия ҳамроҳ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1824 Ноу Кашн барои ихтирои мошинаи ҷамашӯӣ патент ба даст овард.
***
8 июни соли 1918 Гурҷистон ва Арманистон бо Олмон аҳдномаи сулҳ имзо карданд.
***
8 июни соли 2006 ширкати Microsoft санҷиши тестии WindowsVista-ро ба роҳ монд.
***
8 июни соли 2017 дар Остона ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерреш иштирок намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Рӯзи ҷаҳонии огоҳӣ аз варами мағзи сар
***
Соли 1928 аввалин ҳавопаймо аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Австралия парвоз кард.
***
Соли 1940 унсури 93-юми ҷадвали элементҳои даврии химиявии Менделеев «Нептуний» кашф шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Латофат Кенҷаева – соли 1950- Шоири халқии Тоҷикистон








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 июн, якшанбе, 158-умин рӯзи соли 2026 аст






