Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид

Июнь 24, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Ваҳдати миллӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии даврони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи хос дорад. Агар Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имкони эҳёи давлатдории миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили рушдро фароҳам оварда бошад, пас Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлол гардид.

— Имрӯз, дар замоне ки ҷаҳон ба марҳилаи нави буҳронҳои геополитикӣ, низоъҳои мусаллаҳона, рақобатҳои идеологӣ, таҳдидҳои иттилоотӣ ва бархӯрдҳои манфиатҳои абарқудратҳо ворид шудааст, аҳамияти Ваҳдати миллӣ барои ҳар як давлат, бахусус давлатҳои ҷавон ва рӯ ба рушд, беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад.

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири равандҳои муосири байналмилалӣ дар канор буда наметавонад. Ҷангҳои минтақавӣ, нооромиҳои сиёсӣ, афзоиши таҳдидҳои террористиву экстремистӣ, густариши таблиғоти ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин рақобатҳои шадиди геополитикӣ нишон медиҳанд, ки ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа барои ҳар як миллат вазифаи муқаддас ва стратегӣ мебошад. Дар чунин шароит таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии Тоҷикистон аҳамияти вижа пайдо мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки: «аҳамияти сулҳу оромӣ дар замони муосир ва хусусан, солҳои охир, ки инсоният бо мушкилоти ниҳоят сахту сангин рӯ ба рӯ гардидааст, торафт боло меравад».

Дар ҳақиқат, инсоният имрӯз дар шароите қарор дорад, ки ҳар як низои маҳаллӣ метавонад ба буҳрони минтақавӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ табдил ёбад. Дар чунин вазъият танҳо давлатҳое метавонанд амният ва рушди устувори худро таъмин намоянд, ки дар дохили онҳо фазои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад.

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон воқеаи таърихӣ буда, он натиҷаи муборизаҳои сиёсӣ, ҷоннисориҳо ва талошҳои пайгиронаи мардуми тоҷик барои наҷоти давлат ва миллат мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои вазнинтарини таърихи худ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари аз байн рафтани давлатдории миллӣ ва парокандашавии миллатро ба миён оварда буд. Дар чунин шароити ҳассосу сарнавиштсоз маҳз иродаи сиёсӣ, дурандешӣ ва сиёсати сулҳофаронаи Пешвои сулҳофари миллат тавонист миллатро аз вартаи нобудӣ раҳо созад.

Ҳанӯз баъд аз чанд рӯзи интихоб шуданашон ба ҳайси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор дошта буданд: «ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Вақт нишон дод, ки ин суханон танҳо ваъда набуданд, балки барномаи амалии наҷоти миллат ва давлат буданд. Бо талошҳои шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид.

Имрӯз, баъди қариб се даҳсола Тоҷикистон ба шарофати сулҳу ваҳдат тавонист дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Сохтмони иншооти азим, бунёди роҳу нақбҳои байналмилалӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, илм ва фарҳанг маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ имконпазир гардиданд.

Дар шароити кунунии ҷаҳон таҳдидҳои геополитикӣ шаклҳои нав гирифтаанд. Агар дар гузашта хатарҳо бештар хусусияти низомӣ доштанд, имрӯз муборизаҳо дар фазои иттилоотӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ ҷараён мегиранд.

Гурӯҳҳои ифротӣ ва марказҳои манфиатдор тавассути технологияҳои муосир кӯшиш менамоянд, ки ба афкор ва ҷаҳонбинии мардум, махсусан ҷавонон таъсир расонанд. Аз ҳамин ҷост, ки масъалаи таҳкими худшиносии миллӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳувияти шаҳрвандӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Дар ин замина таъкиди Пешвои миллат аҳамияти хос дорад: «сабақи талхи таърихи мамлакатамон ба ҳар як шахс ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад ва ваҳдати миллӣ, ягонагии ҷумҳурӣ ва марзу буми аҷдодиашро ҳифз намояд».

Яке аз омилҳои асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Миллате, ки таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои миллии худро хуб мешиносад, метавонад ба ҳама гуна таҳдидҳои беруна муқовимат намояд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки худшиносии миллӣ асоси ваҳдат ва суботи ҷомеа мебошад. Воқеан ҳам, таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар гоҳ миллат аз арзишҳои аслии худ дур шудааст, ба буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи ҳувияти миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини давлатдорӣ табдил ёфтааст. Имрӯз бархе неруҳо кӯшиш доранд, ки тавассути таблиғи фарҳанги бегона, ифротгароӣ ва таассуб афкори ҷавононро тағйир диҳанд. Дар чунин вазъият тарбияи насли худшинос, ватандӯст ва соҳибмаърифат муҳимтарин кафолати ҳифзи Ваҳдати миллӣ мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки бисёр давлатҳо бар асари ихтилофоти дохилӣ, ҷудоиандозии сиёсӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ ба буҳронҳои амиқ гирифтор шудаанд. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон метавон гуфт, ки арзиши Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон имрӯз аз ҳар вақти дигар бештар аст. Ин неъмати бебаҳо кафили ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва баланд гардидани нуфузи байналмилалии мамлакат мебошад.

Дар арафаи 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд, сабақҳои талхи гузашта ва воқеиятҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзро фаромӯш насозад ва барои таҳкими сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми арзандаи худро гузорад.

Шамсиддин САЪДУЛЛОЗОДА,
сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 24, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Мактаби тобистонаи байналмилалӣ ба фаъолият оғоз кард
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ду шурои нави диссертатсионӣ таъсис дода шуд
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?
ҚУДРАТИ ИЛМӢ — КАФИЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА АМНИЯТУ СУБОТИ ҶОМЕА. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 36 муассисаи таълимӣ ба таври шартӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ҲУКУМАТИ РАҚАМӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фарқияти он
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шаш ихтисоси нав таъсис дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоҳангсози миллии раддабандии байналмилалии «Донишгоҳҳои сабз» интихоб гардид
Дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои томактабӣ бештар гардидааст