ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Сиёсати дурбинонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои миллат буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем

Июнь 9, 2026 11:21

ДУШАНБЕ, 09.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз қабили ҷашнҳои маҳбуб ва арзишмандтарини мардуми сулҳхоҳи тоҷик ба ҳисоб рафта, соли равон 29-умин солгарди онро дар соли таърихии 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ истиқбол менамоем.

— Маҳз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ истиқлоли моро шукуҳу ҷалол бахшид ва Ваҳдати миллӣ – дастоварди бузурги таърихии тоҷикон дар саҳифаи таърих боқӣ хоҳад монд. Бояд иқрор шуд, ки дар саргаҳи саодати миллат Президенти Ҷумҳуриии Тоҷиистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд. Зеро хиради воло ва сиёсати дурбинонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ боис шуд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем.

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо суханони арзишманди ходими барҷастаи сиёсию давлатӣ, яке аз пешвоёни асосии ҷунбиши озодихоҳии Ҳиндустон ва нахустин Сарвазири ин ҷумҳурӣ Ҷавоҳирлаъл Неҳру ба ёд меояд, ки мегӯяд: «Ваҳдати ҳақиқӣ аз ҳама гуна тафовут ва ихтилофҳо фаротар рафта, одамонро барои як ҳадафи бузурги муштарак муттаҳид мекунад». Дар ҳақиқат, ваҳдат ин иттиҳод, сарҷамъӣ, ягонагӣ ва боиси рушди давлату хушбахтии ҳар халқу миллат аст.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо мушкилҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Фаъол гаштани неруҳои бадхоҳу манфиатҷӯ фазои давлати миллиро ба як майдони муқобилият табдил доданд ва фитнаангезии душманон ба сари миллат фоҷеаи бузургро овард, ки хомӯш кардани оташи ин ҷангу наҷот додани миллат вазифаи басо сангин ва дар назари аввал имконнопазир буд. Хавфи порча – порча шудани давлат ва нестии миллат наздик мешуд. Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ 16 ноябри соли 1992, ҳангоми савгандёдкунӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилон ваъда доданд, ки «кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард».

Аз лаҳзаҳои аввали ба даст овардани вазифаи вазнину пурмасъулият Пешвои миллат дар такя ба умеду боварии халқи заҳматкашу сулҳхоҳ барои хомӯш кардани оташи ҷанг талош намудаданд. Барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ заҳматҳои бисёрро паси сар карда, борҳо ҷонро дар хатар гузоштанд, то миллат аз бадбахтиҳо наҷот ёбад ва сулҳу субот, амнияту ваҳдат дар мамлакат устувор гарданд.

Воқеан, ваҳдати миллии тоҷикон бо дарки ҳифзи миллату давлат ва оқибатандешӣ, ки меъмораш Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, оғоз гардида, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ онро побарҷо намуд. Ин созишномаи сарнавиштсоз 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба имзо расид ва боиси хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар Тоҷикистон гардид. Аз ин пас, ба хонадони тоҷикон сулҳи деринтизор омад ва ин санаи муборак Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Ваҳдати миллӣ бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва бахшишу гузаштҳо ба даст омада, ба яке аз ҷашнҳои муҳиму муқаддас барои миллату давлати тоҷикон табдил ёфт.Маҳз якрӯӣ, соҳибхирадӣ ва дили бузургу чун оина софи Пешвои миллат Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ раҳо бахшид.

Бо гузашти 29 сол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қиммати ин руйдоди таърихӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Созишномаи таърихӣ бори дигар аҳли оламро аз фарҳангу тамаддуни қадима, покизасириштии халқи тоҷик дарак дод. Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат дар бонуфузтарин муассисаҳои олии хориҷӣ омӯзонида мешавад. Коршиносони масъалаи низоъшиносӣ ба ҳам омадани тарафҳои муқобилро аз падидаи нодиртарини ба даст омадани сулҳу тифоқ медонанд.

Имрӯз ҳар як узви ҷомеа дарк кардааст, ки ваҳдати миллӣ истиқлолияти давлатиро устувор, амният ва рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро таъмин намуда, омили муҳимтарини рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 чунин таъкид намуданд: «Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад. Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии ҷумҳуриро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.».

Вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, нобаробариҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дигар хатарҳо ба ҳаёти инсон таҳкими сулҳро дар ҷаҳон ба як зарурати муҳим табдил додаанд. Дар воқеъ, низоъҳои қудратхоҳӣ имрӯз боиси фоҷиаҳои бузурги инсонӣ ва буҳронҳои фарогири иқтисодӣ гардидаанд. Ин низоъҳо зуҳуроти нангини сиёсати ҷаҳони муосир мебошанд, ки давлатҳои қудратманд бо мақсади фарох намудани доираи нуфузи худ аз силоҳ ва фишороварӣ истифода менамоянд. Ин равиш ба иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус ба иқтисоди мамлакатҳои сусттараққикарда ва дар ҳоли рушд зиёни ҷидӣ мерасонад.

Сарвари давлати мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як мамлакати пурмасъулият ва ғамхор нисбат ба ҳаёту ояндаи инсон муаррифӣ намудаанд. Тавассути минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли мушкилот, аз ҷумлаи он ташаббусҳои судманди ҷумҳурии мо ба ҳисоб мераванд, ки барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва таҳкими амният, равона гардидаанд. Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди ташаббуси қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Милали Муттаҳид нақши муассир иҷро кардаанд. Ин ташаббус, ки дар Иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24 сентябри 2024) эълон шуд, аз мулоҳизакорию сиёсати сулҳҷӯёна ва фикри на танҳо насли имрӯз, балки ояндаи бехатари инсоният, дарак медиҳад ва матлаби асосии он дар фазои сулҳу ваҳдат, осудагӣ ҳаёт ба сар бурдани тамоми одамони курраи Замин ва ҳалли ҳамагуна муноқишаҳо бо роҳи гуфтушунид мебошад.

Ваҳдати миллӣ асоси мавҷудият, кафили амният ва рушди давлат ба шумор меравад. Ваҳдати аслӣ он замон мукаммал ва пойдор мемонад, ки миллат ба таърихи худ эҳтиром гузошта, хотираи неки қаҳрамонону сарсупурдагони худро зинда нигоҳ дорад. Дар ин самт, ба Ватан баргардонидани хоки фарзандони фарзонаи миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад иқдоми азим дар роҳи таҳкими ваҳдат, худогоҳии миллӣ ва адолати таърихӣ мебошад. Ин рӯйдод қаҳрамонии навбатии Пешвои миллат буд, ки мардум онро бо руҳбаландию ҳаяҷони амиқи миллӣ пазируфтанд ва руҳи поки шахсони муаззам шоду ором гардид.

Мардуми сарбаланду шукргузори Тоҷикистон сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофари Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, аз сулҳу субот, ягонагии миллӣ ва рушди босуботи мамлакат сарфарозӣ мекунанд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, сарварии дурандешонаю ғамхорона ҷумҳурии мо ба дастовардҳои азим ноил гардид.

Суханони ҳикматбори Роҳбари давлат пешорӯи истиқболи ҷашни пуршукӯҳӣ миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ: «Тараққиёти ҷаҳони муосир ва таҳаввулоте, ки дар дунёи имрӯза ба вуҷуд омада истодааст, аз мо тақозо менамояд, ки фаъолияти худро дар тамоми самтҳо бо тарзу усули нав ба роҳ монем. Танҳо бо заҳмати содиқонаву софдилона мо метавонем ҳамчун як неруи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро бартараф созем», моро ба созандагиву бунёдкорӣ, азму иродаи қавӣ раҳнамоӣ мекунад.

Парвиз ШОДИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Комиссия оид ба одоби вакилон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 9, 2026 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад
Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — тадбири намунавӣ дар байни мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ
ДОДХОҲӢ БАРОИ РОБИАИ БАЛХӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ оид ба саҳми шоира дар рушди шеъри тоҷикӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли бодиринг барои танзими фишори хун дар организм кумак мерасонад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи мунтазами помидор хатари бемориҳои дил ва сактаи қалбро кам мекунад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон фаъолият доранд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ вохурӣ доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли райҳон ба кадом бемориҳо фоида ва чӣ зарар дорад?
ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ. Шарту талаботи он барои довталаб чӣ гуна аст?
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ РУСӢ. Ба омӯзиши он дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Табиат ба инсон зиндагӣ мебахшад ва онро бояд ҳифз намуд