Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ДУШАНБЕ, 05.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ доир гардид, ки дар он варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев ғолиби мусобиқаи Гран-при шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқа маротибаи сеюм баргузор шуда, дар он 400 паҳлавон аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Англия, Тайпейи Чин, Урдун, Арабистони Саудӣ, Беларус, Туркия ва Русия иштирок намуданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кг дар риштаи гӯштини тарзи озод ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ду паҳлавони дигар – Исмоил Картоев дар вазни 97 кг медали нуқра ва Сомонҷон Икромов дар вазни 86 кг медали биринҷиро ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқаи Гран-при оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






