Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 июн то 3 июл дар вилояти Калинингради Федератсияи Русия амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ «Канал-Янтарный берег» баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, дар ин чорабинӣ сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, хадамоти амнияти давлатӣ, воҳидҳои иктишофии молиявии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, инчунин нозирон аз Эрон, Малайзия, Чин, намояндагони гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, Шурои фармондеҳони қӯшунҳои Сарҳадии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.
Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозии идоракунии амалиёт дар вилояти Калининград ҷойгир карда шуда, таҳлили амиқи вазъи маводи мухаддирро дар давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ гузаронида, ҳамоҳангсозии амалҳоро байни ситодҳои миллӣ ва мубодилаи фаврии маълумоти муҳимро таъмин кард. Дар амалиёт зиёда аз 39 ҳазор корманди мақомоти салоҳиятдор иштирок доштанд.
Ҷамъбасти амалиёти «Канал-Янтарный берег» таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати назорати маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Иван Горбунов ҷараён гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа доир ба таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти давлатҳои аъзо дар самти таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ табодули назар намуданд.
Тибқи оморҳои пешакӣ, зимни баргузории амалиёт дар ҳудуди давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ 521 ҷинояти вобаста ба воситаҳои нашъадор ошкор карда шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 3,5 тонна воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла 1938 кг афюн, 519 кг бангдона, 182 кг героин, 74,4 кг мефедрон, зиёда аз 1 тонна прекурсорҳо, 115 ҳазор буттаҳои растаниҳои дорои маводи мухаддир ва 14 ҳазор таблеткаҳои моддаҳои манъшуда мусодира гардид, инчунин фаъолияти 7 лабораторияи истеҳсоли маводи мухаддир ошкор ва қатъ карда шуд.
Дар анҷоми амалиёт дар размоишгоҳи омӯзишии Росгвардия намоиши силоҳҳои навтарин ва намоиши саҳнаҳо аз машқҳои тактикии кормандони таъиноти махсуси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






