Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши Шурои байнидавлатии ИДМ оид ба бехатарии саноатӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҳамоиши XXIV Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба бехатарии саноатӣ баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон роҳбарияти Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомоти назоратӣ аз ҳафт давлат — Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Беларус ва Озарбойҷон мубодилаи таҷриба ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Зимни ҷаласа муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Мирзозода дар мавзуи «Оид ба тағйирот дар қонунгузории давлатҳои аъзои Шуро дар соҳаи батанзимдарории бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок» маъруза намуд. Инчунин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ, қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ва ратификатсияи Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ муаррифӣ гардид.
Дар анҷоми ҷаласа Протокол ва Қарори муштараки ҷаласаи XXIV ба имзо расида, заминаҳои ҳамкорӣ дар бахши танзими қонунгузорӣ ва пешгирии садамаҳои саноатӣ тақвият дода шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон ҳамзамон дар чорабиниҳои фарҳангӣ-таърихӣ иштирок намуд.
АКС: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






