Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 июл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Раиси шуро Дилрабо Мансурӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030» сухан намуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи директори Агентии назорати маводи нашъаовар, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба татбиқ ва таъмини иҷрои талаботи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» шунида шуд.
Макомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд, ки ҳисоботро доир ба иҷрои амалисозии нақшаи чорабиниҳои стратегия ба Агентии назорати маводи нашъаовар дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод намоянд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботи стратегия дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати муомилоти қонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзанда гузоранд.
Дар хотимаи ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳокимагардида ва фаъолияти минбаъдаи шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






