Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа оид ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тавсеа меёбад

Июль 17, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF 2026), ки 16 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, муовини якуми Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Нориён бо муовини Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии алоқа (ITU) Томас Ламанаускас мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди пайвастагии рақамӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инноватсия ва тақвияти иқтидори кадриро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа, мубодилаи дониш ва таҷрибаи пешқадам, инчунин истифодаи технологияҳои навин ба татбиқи самараноки Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамояд.

Ҳамзамон ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкории амалӣ, аз ҷумла ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули сафарҳои корӣ, рушди ҳамкории сатҳи коршиносӣ ва иштироки фаъолона дар ҳамоишу конфронсҳои байналмилалӣ таҳти сарпарастии Иттиҳоди байналмилалии алоқа табодули афкор намуданд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд