Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад

Июль 14, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо директори генералии ширкати «Боширан» Ма Жипен баргузор гардид, ки зимни он масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи ширкат дар соҳаи кишоварзӣ ва дастрасӣ ба техникаҳои муосир дар самти истеҳсол ва ҷамъоварии пахта баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят иброз намуд, ки вилояти Суғд дорои имконоти фарохи истеҳсолӣ буда, масъалаи асосӣ дар самти парвариши пахта навсозии иқтидори техникӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин харидани техникаҳои наву муосир барои ноҳияҳои пахтакори вилоят, ба мисли Ашту Зафаробод, Мастчоҳ, Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров барои рушди истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ширкати «Боширан» дар самти истеҳсоли техникаи интеллектуалии кишоварзӣ, аз ҷумла барои тамоми давраи пахтапарварӣ таҷрибаи зиёд дошта, берун аз қаламрави Чин ҳам фаъолият менамояд.

Директори генералии ширкат Ма Жипен иброз дошт, ки фаъолияти ширкат на танҳо истеҳсоли техника, балки таъсиси марказҳои хизматрасониро низ дар бар мегирад. Мутахассисони он дар самти ташкили системаҳои пешрафтаи обёрии қатрагӣ таҷрибаи бой доранд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои дастрас намудани техникаҳои муосир ва трактори пахтачинӣ ба мувофиқа расиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 14, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид