Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад

Июль 31, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август дар шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ба истиснои рӯзи якшанбе ҳамарӯза аз соати 06:00 то 11:00 ҳаракати нақлиёт аз гардиши хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи С. Носир ва аз давродаври кӯчаи Карамов – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (Товус) то гардиши хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Назаров (Наврӯзгоҳ) қатъ карда мешавад.

Аз ин рӯ аз сокинон ва меҳмонони пойтахт ва ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват карда мешавад, ки бо назардошти маҳдудияти ҷоришуда аз роҳҳои нақлиётгарди кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июль 31, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд