Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
ДУШАНБЕ, 05.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи дуюми фасли тобистон — июл дар мамлакат ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 ё 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шудааст. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2018 шабоҳат дорад. Барои ҳифзи саломатӣ дар рӯзҳои гарми тобистон чӣ бояд кард?
— Бо расидани мавсими тобистон, ҳарорати ҳаво баланд шуда, ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Гармии шадид на танҳо нороҳатӣ меорад, балки метавонад боиси бемориҳое чун гармизадагӣ, хастагӣ, камобишавии бадан ва ҳатто хатарҳои ҷонӣ гардад. Аз ин рӯ, донистани роҳҳои дурусти муҳофизат аз гармӣ барои ҳар як шахс муҳим аст.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии таъсири манфии гармӣ нӯшидани миқдори кофии об мебошад. Ҳатто агар ташнагӣ эҳсос нашавад ҳам, тавсия дода мешавад, ки дар давоми рӯз мунтазам об нӯшида шавад. Аз истеъмоли нӯшокиҳои ширин, газнок бояд худдорӣ кард, зеро онҳо метавонанд ба камобишавии организм мусоидат намоянд.
Дар рӯзҳои хеле гарм, махсусан аз соати 11 то 16, беҳтар аст аз зери нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷуста, дар ҷойҳои сояафкан ё салқин қарор гирифт. Агар зарурати ба берун рафтан пеш ояд, истифодаи кулоҳ, айнаки офтобӣ ва либосҳои сабук, васеъ ва аз матоъҳои табиӣ дӯхташуда тавсия дода мешавад.
Ғизои сабук ва солим низ дар нигоҳ доштани саломатӣ нақши муҳим дорад. Меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти ширӣ ва хӯрокҳои сабук барои организм муфид аст. Аз хӯрокҳои бисёр тунд ва равғанӣ худдорӣ намоед. Аз мағозаҳое, ки бо дастгоҳҳои сардкунӣ муҷаҳҳаз нашудаанд, маҳсулот харидорӣ накунед, зеро маълум нест, ки онҳо чӣ қадар дар гармӣ буданд.
Ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин бояд диққати махсус дода шавад, зеро онҳо дар рӯзҳои гарм қишри осебпазир ба шумор мераванд.
Агар шахс аломатҳое чун чарх задани сар, сустӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, баланд шудани ҳарорати бадан ё беҳуширо эҳсос кунад, бояд фавран ӯро ба ҷои салқин бурда, об нӯшонд ва дар мавриди беҳтар нашудани вазъ ба муассисаи тиббӣ муроҷиат кард.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар авҷи гармӣ худро бо фаъолияти ҷисмонӣ азият надиҳед. Зеро дар вақти гармӣ рагҳои дар пӯст ҷойгиршуда васеъ гардида, набз ва нафаскашӣ тез мешавад. Аммо механизми асосии танзими ҳарорати бадан ҷудокунии арақ аст, ки бо гармии аз ҳад баланд зиёд мешавад. Масалан, дар ҳарорати ҳаво то +30 °C ва болотар аз он, арақкунӣ 4-5 маротиба зиёд мегардад. Дар рӯзи гарм, талафоти намӣ бо бори миёнаи ҷисмонӣ дар ҳаво аз 2 то 6 литрро ташкил медиҳад. Ва ин аллакай боиси камобӣ дар бадан мегардад.
Мусаллам аст, ки аксари одамон дар рӯзҳои гарми тобистон ба оббозӣ мераванд. Онҳо бояд доданд, ки оббозӣ дар субҳ ё шом беҳтар аст. Ғайр аз он, ҳарорати об набояд аз +17 ё +19 °С паст бошад (дар ҳарорати сардтар будан хатарнок аст).
Риояи ин тавсияҳои одӣ метавонад саломатиро дар рӯзҳои гарми тобистон ҳифз намуда, хатари пайдоиши бемориҳои вобаста ба гармиро коҳиш диҳад.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






