Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд

Июль 9, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 мутахассисони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни санҷиши ҳолати техникии аттраксионҳои боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон дар беш аз 150 аттраксион камбудиҳои техникӣ ошкор намуданд. Дар ин хусус 7 июл зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори хадамот Ардашер Мирзозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки фарсудашавии тасмаҳои бехатарӣ, каҷшавии баъзе қисмҳои роҳрав, қисман мавҷуд набудани панҷараҳои муҳофизатӣ ва лавҳаҳои иттилоотӣ оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз ҷумлаи камбудиҳои ошкоршуда мебошанд.

Гуфта шуд, ки санҷиш дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе аз 12 то 18 марти соли 2026 дар «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ», «Боғи Хайём», «Боғи ҳайвонот», «Боғи нишон» ва «Боғи ба номи Мироненко» Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восеъ-2005», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҷмааи фароғатии «Нур» гузаронида шуд.

Мутахассисони хадамот сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои нохушро дар соли 2026 ба нагузаронидани муоинаи пурраи техникӣ, мавҷуд будани нуқсонҳои техникӣ, мутобиқ набудани воситаҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла тасмаҳо ва қулфҳои бехатарӣ, истифодаи аттраксионҳо бидуни бақайдгирии давлатӣ, инчунин нокифоя будани тахассуси ҳайати хизматрасон марбут донистанд.

«Дар робита ба ин масъала дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд дар мавзуи «Риояи талаботи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва ҳодисаҳои нохуш дар аттраксионҳо, инчунин бақайдгирии объектҳои истеҳсолии хатарнок дар Феҳристи давлатӣ машварат баргузор гардид»,– иброз дошт Ардашер Мирзозода.

Дар Тоҷикистон беш аз 289 аттраксион ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора беш аз 162 адад дар шаҳри Душанбе дар Феҳристи давлатӣ сабт шудаанд.

Иброз гардид, ки хадамот минбаъд низ иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои бехатариро дар фаъолияти аттраксионҳо зери назорати доимӣ қарор дода, барои таъмини амнияти шаҳрвандон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид