Дар «Чангоб» 220 нафар кӯдакони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
ҲИСОР, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 июл дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Чангоб»-и шаҳри Ҳисор чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Иброз гардид, ки дар басти дуюми истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Чангоб 220 нафар кӯдакону наврасони ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд.
Дар чорабинии фарҳангӣ дастаҳои эҷодии лагер барномаи рангини иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолибро пешкаши меҳмонон намуда, аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти олии мамлакат изҳори сипос карданд. Кӯдакон баён доштанд, ки дар оянда бо донишомӯзӣ, ахлоқи ҳамида ва дӯст доштани Ватан дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи маориф, тарбияи насли наврас, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва донишандӯзии кӯдакону ташаккули шахсияти онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, то онҳо дар оянда ҳамчун шахсони худшиносу ватандӯст ва мутахассисони соҳибмаърифат ба воя расида, дар рушди ҷомеа саҳми арзишманд гузоранд.
Бояд гуфт, ки имсол дар басти якуми истироҳатгоҳи «Чангоб» 252 нафар кӯдакону наврасон аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ истироҳат намуданд. Дар басти дуюм аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 220 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат ҷалб гардиданд.
Истироҳатгоҳ имконият дорад, ки бо пайдо гардидани сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар басти сеюм низ зиёда аз 250 нафар кӯдакро қабул намояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






