Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF барои Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим ба маблағи 190 миллион доллар тасдиқ гардид

Июль 3, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund), ки аз 29 –уми июн то 2 июли соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 лоиҳаи нави муҳим бо арзиши умумии 190 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, аз 190 миллион доллари амрикоӣ 62 миллион долларашро грант ё кумаки бебозгашти Фонди иқлими сабз ташкил медиҳад. Лоиҳаи якум бо маблағи 30 миллион доллари амрикоӣ барои дастгирии 14 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон барои беҳтарсозии ҷомеаҳои осебпазир, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва таъсиси фонди боғҳои мевадиҳанда равона карда мешавад.

Лоиҳаи дуюм барои навсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ ва корезии шаҳрҳои Роғун, Данғара ва Хуҷанд, инчунин ба таъмири шабакаҳои обёрикунӣ нигаронида шудааст. Ин лоиҳа бо ҷалби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз ва қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз 11 лоиҳа барои 10 мамлакати дар ҳоли рушд, аз ҷумла, Индонезия, Непал, Сурия, Африқои Марказӣ, Кот-дивуар, Того, Фиҷӣ, Лаос, Ветнам, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба маблағи умумии 700 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ карда шуд, ки аз ин 369 миллион долларро маблағгузории Фонди иқлими сабз ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии лоиҳаҳои аз ҷониби Фонди иқлими сабз маблағгузоришаванда барои мамлакатҳои дар ҳоли рушд дар маҷмуъ 20,1 миллиард доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ин фонди бонуфуз, то ин давра дар Тоҷикистон 9 лоиҳа бо маблағи умумии 173,5 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодаанд. Ин лоиҳаҳо барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетика, беҳтар намудани иншоотҳои обрасонӣ, хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи устувории аҳолии минтақаҳои кӯҳистонӣ ба хатарҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим равона карда шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки 29 июн то 2 июли соли равон пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз (Green Climate Fund) буд, ки дар он роҳбарият ва аъзои Шурои Фонди GCF, намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти фонд, маблағгузории иқлимӣ, татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд. Инчунин лоиҳаҳои навро дар самти мубориза бо пайомадҳои ногувори тағйирёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳокима ва тасдиқ намуданд.

Нахустин маротиба баргузор гардидани ҷаласаи GCF дар шаҳри Душанбе як қадами муҳим барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва ҷалби маблағҳои грантӣ таъмини оби тоза ва ҳифзи табиати мамлакат арзёбӣ мегардад. Инчунин дар Тоҷикистон баргузор гардидани ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии иқлим арзёбӣ гардида, барои густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармоягузориҳои «сабз» заминаи мусоид фароҳам овард.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешоҳанг дар пешбурди масъалаҳои вобаста ба об ва иқлим, ҳифзи пиряхҳо эътироф гардида, ташаббусҳои Тоҷикистон пайваста аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ меёбанд.

Фонди иқлими сабз бузургтарин фонди байналмилалӣ дар ҷаҳон мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои кумак ба кишварҳои дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағирёбии иқлим таъсис дода шудааст. Он лоиҳаҳои бузургро барои гузариш ба иқтисоди камкарбон ва мутобиқ шудан ба тағирёбии муҳити зисти ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Фонди иқлими сабз соли 2010 дар доираи Конвенсияи Чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ва Созишномаи Париж таъсис ёфтааст. Идораи марказии Фонди иқлими сабз дар маҳалли тиҷоратии Сонгдо, шаҳри Инчхони Ҷумҳурии Корея ҷойгир буда, аз ҷониби Шурои директорон, ки 24-нафарро ташкил медиҳад, идора карда мешавад ва аз сӯи Котибот дастгирӣ меёбад.

Хонум Мафалда Дуарте, ки зодаи Португалия аст, Директори иҷроияи Фонди иқлими сабз мебошад. Портфели Фонди иқлими сабз беш аз 20 миллиард долларро бо фарогирии зиёда аз 300 лоиҳа дар бар мегирад. (аз ҷумла маблағгузории муштарак, ҳаҷми сармоягузорӣ ба даҳҳо миллиард доллар мерасад).

Самти фаъолияти Фонди иқлими сабз ба маблағгузории лоиҳаҳо барои коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла гузариш ба энергияи барқароршаванда, мутобиқшавӣ ба иқлим, дастгирии давлатҳо, ки аз хушксолӣ, обхезӣ, баланд шудани сатҳи баҳр ва обшавии пиряхҳо осеб мебинанд, равона гардидааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Июль 3, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд
Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад
Дар Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт карда шудааст
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ марҳилаи дуюми маблағгузории грантии НБО «Роғун»-ро тасдиқ намуд