Дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология 259 кони дорои захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021–2030» то имрӯз 259 кони дорои захираҳои саноатӣ муайян карда шудааст. Дар ин хусус сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Илҳомҷон Оймуҳаммадзода шарҳ дод, ки бақайдгирии конҳои канданиҳои фоиданок аз чанд марҳилаи пайдарпай иборат мебошад. Дар марҳилаи аввал, дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ нуқтаҳои маъданӣ муайян ва ба қайд гирифта мешаванд. Баъдан майдонҳои маъданӣ муайян гардида, харитабандӣ карда мешаванд. Дар доираи ин майдонҳо зуҳуроти маъданӣ бо назардошти захираҳои дурнамо ва имконияти ташаккули захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта мешаванд. Сипас дар зуҳурот корҳои иктишофи қаблӣ ва иктишофи дақиқ анҷом дода мешаванд. Пас аз анҷоми ин корҳои геологӣ ва тасдиқи захираҳои саноатӣ аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок зуҳуроти маъданӣ расман мақоми конро соҳиб мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз оғози татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021–2030» то се моҳи аввали соли 2026 аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок 259 ҳисоботи иктишофи қаблӣ тасдиқ гардида, дар заминаи онҳо 259 кон ҳамчун конҳои дорои захираҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Соли 2026 соли шашуми амалисозии барнома ба ҳисоб рафта, сатҳи иҷрои он ба 96,4 фоиз расидааст. Барои пурра фаро гирифтани барнома имсол тарҳрезии 9 лоиҳаи нави геологӣ идома дошта, қисми зиёди корҳои омӯзишӣ дар шашмоҳаи дуюми соли равон амалӣ карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 Саридораи геология омӯзиши геологии қаъри заминро мутобиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» амалӣ намуд. Тибқи барнома, иҷрои корҳои омӯзиши геологӣ аз рӯи 32 лоиҳа ва 7 лоиҳаи нигоҳдорӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ корҳо дар 30 лоиҳаи омӯзишӣ ва 7 лоиҳаи нигоҳдорӣ ба анҷом расонида шуданд. Ҳаҷми иҷрои корҳо ба 36,1 фоизи нақшаи солона баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 113 фоизро ташкил дод.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷустуҷӯ, иктишоф ва омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок ба истифодаи саноатӣ чор барномаи давлатӣ қабул гардидааст. «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021–2030» яке аз барномаҳои муҳими соҳавӣ буда, ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, мониторинги обҳои зеризаминӣ ва назорати равандҳои хатарноки геологӣ равона шудааст.
Татбиқи пурраи барнома ба афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок, таҳкими заминаи ашёи минералӣ ва қонеъ намудани талаботи иқтисодиёти мамлакат бо захираҳои табиӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 июл зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ва кормандони соҳаи саноати кишвар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи металлургияи миллӣ, ташаккули занҷири пурраи истеҳсолот, истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон Саридораи геология вазифадор карда шуд, ки корҳои омӯзиши геологии конҳои маъдани оҳан ва дигар канданиҳои фоиданоки барои рушди металлургия муҳимро густариш бахшад.
Бояд гуфт, ки захираҳои бойи табиӣ барои рушди иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бунёдӣ доранд. Дар ин соҳаи иқтисодиёт ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат вазифаи баланд бардоштани самаранокии коркард ва истифодаи захираҳои табиӣ ба миён гузошта шудааст, ки бе ҳалли он таъмини рушди устувори иқтисодиёт мушкил аст.
Имрӯз боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи аграрию сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва дигар сарватҳои зеризаминӣ дар арсаи ҷаҳон мавқеъ пайдо кардааст. Самаранок, оқилона ва ба манфиати ҷомеа истифода бурдани ин боигариҳо метавонад ба баландбардории некӯаҳволии мардум мусоидат карда, қудрату тавоноии давлатро таъмин намояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






