Дар Душанбе даври омӯзишии минтақавӣ оид ба танзими бархӯрди манфиатҳо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 июл дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии бархӯрди манфиатҳо» даври омӯзишии минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил гардида, ҳадафи он баррасии масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ мебошад.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти зиддикоррупсионии Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Директори Агентӣ Сулаймон Султонзода доир ба ҷанбаҳои танзими бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ ва тадбирҳои андешидаи Тоҷикистон дар ин самт ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар ин замина санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ, роҳҳои ошкорсозӣ, пешгирӣ ва рафъи бархӯрди манфиатҳо, инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ ва муосирро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода, бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ шинос шуданд.
Масъулини Агентӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бархӯрди манфиатҳо»-ро муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён ва коршиносони байналмилалӣ баҳои мусбат гирифт.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд






