Дар Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад

Июль 17, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 август дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ баргузор мегардад,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи хабари манбаъ, масъалаи омодагӣ  ба Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода бо намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Агаси Арутюнян барраcӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самти саноати хӯрокворӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва рушди коркарди маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи омодагӣ ба Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ аҳамияти иштироки FAO ҳамчун шарики боэътимоди байналмилалӣ дар ғанӣ гардонидани муҳтавои форум ва рушди ҳамкории минбаъда таъкид гардид.

 АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 17, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд