Дар Душанбе масоили таҳкими ҳамкории институтсионалӣ бо Агентии TIKA баррасӣ гардид

Июль 14, 2026 08:58

ДУШАНБЕ, 14.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари навтаъйини Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Туркия (TIKA) дар Тоҷикистон Кадир Фуркан Одабасӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории институтсионалӣ, рақамикунонии соҳаи молия, аз ҷумла таҳияи «Харитаи роҳи ҳамкорӣ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин ҷалби кумакҳои техникӣ ва ташкили барномаҳои такмили ихтисоси мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Туркия муҳокима гардида, ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд.

 

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 14, 2026 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд