Дар Фаронса дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 июн то 2 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Конгресси нуҳуми ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл доир гардид, ки дар кори он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конгресс дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ислоҳоти судӣ –ҳуқуқӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ пас аз боздоштани ҷазои қатл дар соли 2004 ва нақшаҳои минбаъда оид ба такмили қонунгузорӣ муаррифӣ гардид.
Иброз гардид, ки дар таҳрири нав таҳия кардани Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» ва «Дар бораи пробатсия» аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Ба иштирокчиёни конгресс иттилоъ дода шуд, ки барои пурра аз байн бурдани ҷазои қатл бояд ислоҳоти қонунгузории ҷумҳурӣ ва низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ идома ёфта, шароити муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва нигаҳдории маҳбусоне, ки нисбаташон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.
Дар фарҷом Вазири адлия омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои идомаи муколамаи кушоду созанда оид ба масъалаи бекор намудани ҷазои қатл иброз дошт.
Конгресси ҷаҳонӣ зидди ҷазои қатл бузургтарин платформае мебошад, ки беш аз ҳазор иштирокчӣ ва 90 давлати ҷаҳонро муттаҳид мекунад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






