Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо тарҳрезӣ карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин хадамот ба хабарнигорон иттилоъ доданд.
Муовини якуми сардори хадамоти Ардашер Мирзозода иброз дошт, ки татбиқи ин низом имкон медиҳад, ки маълумот оид ба иҷозатномаҳо, натиҷаҳои санҷишҳо ва ҳолати техникии субъектҳо дар шакли электронӣ нигоҳдорӣ ва ба таври онлайн назорат карда шавад. Инчунин барои гузариш аз низоми анъанавии ҳуҷҷатгузорӣ ба муҳити ҳифзшудаи электронии идоракунӣ (Secure Digital Environment) корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Ҳамчунин бо мақсади амалишавии сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва рушди ҳукумати электронӣ дар сохтори хадамот шуъбаи нав таъсис дода шуд.
Дар айни ҳол лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси расмии «Шуъбаи технологияҳои рақамӣ, робита бо ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ» таҳия гардида, дар марҳилаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад.
Гуфта шуд, ки низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (ЭДО) дар дастгоҳи марказӣ ва тамоми зерсохторҳои хадамот пурра амалӣ гардид. Барои тамоми воҳидҳои сохторӣ ва нозироти давлатӣ почтаҳои электронии корпоративӣ дар домени давлатии nazorat.tj таъсис ва ба истифода дода шуд. Он ба таҳкими амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии кормандон, аз ҷумла зеҳни сунъӣ моҳи августи соли 2026 баргузории даврҳои омӯзишӣ оид ба рушди малакаҳои рақамӣ пешбинӣ гардидааст. Татбиқи чунин даврҳои омӯзишӣ барои суръат бахшидан ба рақамикунонии соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти назоратӣ аҳамияти муҳим дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






