Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд

Июль 9, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар маҷлис изҳор гардид, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи Тоҷикистонро боз ҳам таҳким бахшида, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ҳамчун ташаббуси навбатии кишвари мо бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона, созанда ва башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин таъкид шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва дастрасии принсипи инсондӯстӣ 16 июни соли 2026 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба имзо расид. Ин иқдоми инсондӯстона, ки нисбат ба доираи муайяни шахсони дар қонун пешбинишуда татбиқ мегардад, далели равшани сиёсати башардӯстона ва иҷтимоии давлат буда, ба шаҳрвандон барои ислоҳ, барқарор намудани мавқеи иҷтимоӣ ва идомаи зиндагии созанда дар ҷомеа имконияти нав фароҳам меорад. Дар ин раванд, ба роҳбарону кормандони мақомоти прокуратура дастур дода шуд, ки иҷрои бемайлони ин қонуни таҳти назорати қатъӣ қарор дода, татбиқи амалии онро дуруст таъмин намоянд.

Дар идома натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратура дар нимсолаи якуми соли 2026 ва ҳолати назорати прокурорӣ оид ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷараёни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва амалисозии адолати судӣ баррасӣ гардид.

Зимни муҳокима иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи он, истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросимҳо, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, масъалаҳои замин, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус байни ноболиғону ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропии сахттаъсир ва прекурсорҳо, инчунин дигар қонунгузориҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки ки дар ин давра сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз паст гардида, вобаста ба вазъи риоя ва иҷрои қонунгузории мамлакат 4 ҳазору 698 санҷиш гузаронида, ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 235 ҳазору 586 нафар шаҳрвандро барқарор намуда, 38 ҳазору 627 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда, 47 ҳазору 602 нафарро ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида, 2 ҳазору 842 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Ҳамчунин бо дахолати прокуророн 1 миллиарду 159 миллион сомонӣ, аз ҷумла 365 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардида, 107 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуда, 1 ҳазору 430 сар чорво ба тариқи асл барқарор карда шудааст.

Инчунин дар ин давра ба мақомоти прокуратура беш аз 22 ҳазор муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, аз онҳо 6 ҳазору 620 адад аз ҷониби прокуророн бевосита баррасӣ ва 1 ҳазору 826 муроҷиат қонеъ карда шудааст.

Дар маҷлис иброз гардид, ки назорат ба 7 ҳазору 774 парвандаи ҷиноятӣ таъмин гардида, аз ин 7 ҳазору 254 парванда барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Муфаттишони прокуратура тафтиши 2 ҳазору 471 парвандаи ҷиноятиро ба анҷом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 53,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла 27,5 миллион сомониро ба манфиати давлат барқарор намудаанд.

Ҳамзамон прокуророн дар баррасии 5 ҳазору 567 парвандаи ҷиноятӣ ва 6 ҳазору 558 парвандаи маданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба 507 санади ғайриқонунии судҳо эътироз овардаанд.

Дар анҷом аз ҷониби Прокурори генералӣ ба роҳбарону кормандони мақомоти прокуратура барои пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, таъмини иҷрои босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус муқовимат бо коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид