Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 25 ихтисоси нав дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис меёбад

Июль 13, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 13.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ  ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ 25 ихтисоси нав  дар соҳаи саноати металлургияи сиёҳ таъсис дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар вохӯрӣ  бо кормандони соҳаи саноат, ки 9 июл дар вилояти Суғд баргузор гардид, нақшаву барномаҳои таълимӣ омода шуда, дар мувофиқа бо Корхонаи металлургии тоҷик ихтисосҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ  ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ кушода мешаванд.

Фарҳод Раҳимӣ таъкид намуд, ки барои омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи истеҳсолоти муосир, ихтисосҳои «Технологияи истеҳсоли оҳан ва пӯлод», «Коркарди металлҳо бо фишор», «Рехтагарии металлҳои сиёҳ», «Таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти металлургӣ», «Автоматикунонии равандҳои металлургӣ» ва «Назорати сифати маҳсулоти металлургӣ» бештар аҳамият доранд.

Ёдовар мешавем, ки 9 июли соли равон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ зимни боздид аз сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо корхонаҳои соҳавӣ низоми омода намудани кадрҳоро барои ҳама соҳаҳои афзалиятноки саноати мамлакат, бо назардошти талаботи истеҳсолоти муосир таҷдиди назар намоянд.

Сарвари давлат иброз  намуданд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, ки барои соҳаҳои саноат кадр омода мекунанд, таъсиси факултаҳо, кафедраҳо ва ихтисосҳои нави муҳандисиву техникӣ бо назардошти талаботи рушди саноати мамлакат таъмин карда шавад.

«Ҳоло ихтисосҳои металлургияи сиёҳу ранга, оҳангудозӣ, технологияи коркарди металл бо фишор, автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ, ташхиси озмоишгоҳии истеҳсолоти металлургӣ, таъмиру истифодаи таҷҳизоти металлургӣ барои фаъолияти корхонаҳои металлургӣ, инчунин ихтисосҳои саноати сабук, аз ҷумла нассоҷӣ барои истеҳсолоти ватанӣ зарур мебошанд», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд