Дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Июль 1, 2026 15:35

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида  ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»  конференсияи илмӣ-назариявӣ  баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ хабар доданд, конференсия бо мақсади тарғибу ташвиқи иқдомҳои сулҳофарӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ, ҳамовозиву ҷонибдорӣ аз ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.

Иштирокдорони конференсия   иброз  намуданд, ки  Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аввалин санади байналмилалӣ мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ба таҳкими нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо, барқарорсозии сулҳу субот, рушди фарҳанги сулҳ, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳо ва таъмини сулҳи пойдору фарогир дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Иброз гардид, ки қабули ин қатънома бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақши пешоҳанг ва ташаббускоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ мебошад.

Дар анҷоми конференсия филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти сулҳпарварона ва хизматҳои таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон намоиш дода шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ

Июль 1, 2026 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст
Оид ба омӯзиши яхбандии абадӣ экспедитсияи байналмилалии илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода шуд
ПИРЯХШИНОСӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Оид ба марҳилаҳои эҳё, рушд ва пешсафии ин соҳа дар арсаи ҷаҳон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ РӮЗНОМАИ НАВИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Дар ҳошияи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
АЗ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАШАККУЛИ РӮЗНОМАИ ҶАҲОНИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»