Дар Шанхай Форуми иқтисодию тиҷоратии вилояти Суғди Тоҷикистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми иқтисодию тиҷоратӣ ва муаррифии имконоти сармоягузории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, форум бо иштироки беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Чин доир шуд.
Иброз гардид, ки вилояти Суғд бо иқтидори бузурги иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои густариши ҳамкории мутақобили судманд бо шарикони чинӣ тамоми имкониятро фароҳам овардааст.
Вилояти Суғд ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самтҳои таъсиси ширкатҳои муштараки истеҳсолӣ, коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ, рушди саноати бофандагӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли маҳсулоти чармӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Инчунин бунёди корхонаҳои истеҳсоли техника ва таҷҳизоти маишӣ, рушди боғҳои интенсивӣ, моҳипарварӣ ва парандапарварӣ, истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ, телефонҳои мобилӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва сайёҳӣ низ густариш меёбад.
Дар форум ноиби президенти ширкати бузурги чинии «Тибет Эверест» Хуан Ятин иброз намуд, ки суботи иҷтимоӣ ва фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ хеле мувофиқ буда, мо аз ҳамкории муваффақ бо шарикони тоҷик қаноатмандем.
Дар идомаи форум намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси истеҳсолоти нав ва ҷалби сармоя пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Ҳамчунин вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон (B2B) баргузор гардида, намояндагони ширкатҳои ҷонибҳо имконоти ҳамкории мустақимро баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи музокирот байни соҳибкорону ширкатҳо санадҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои нави тиҷоратӣ ба имзо расиданд, ки онҳо барои густариши муносибатҳои иқтисодии вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Форум қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва тавсеаи робитаҳои соҳибкорони вилояти Суғд бо ширкатҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Дар доираи форум байни вилояти Суғд ва ширкати «Боширан» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






