Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 2 июл, тахминан соати 06:30, дар километри 32-юми шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ, дар ҳудуди деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат садамаи вазнини нақлиётӣ рух дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Дулан» (рақами қайди давлатиаш 5180 ММ 01) Фирдавс Абдуллоев, сокини ноҳияи Ёвон бинобар аз кор баромадани низоми боздорандаи воситаи нақлиёт, нахуст ба мошини тамғаи «Опел Зафира» (рақами қайди давлатиаш 1813 SS 01) таҳти идораи сокини ноҳияи Восеъ Сафаралӣ Кӯлобиев ва баъдан ба мошини тамғаи «Тойота Прадо» (рақами қайди давлатиаш 1121 UU 01) таҳти идораи сокини ноҳияи Роштқалъа Оқил Палавонов бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи мошини боркаши «Дулан», ронандаи мошини «Тойота Прадо» ва 9 нафар мусофирони мошинҳои «Опел Зафира» ва «Тойота Прадо» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Шахсияти баъзе аз мусофирон муайян карда мешавад.
Ба ҷойи ҳодиса намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар масъулони сохторҳои дахлдор ҳозир шуда, ҷараёни тафтиши ҳодиса таҳти назорат қарор дорад.
Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ медиҳад, ки айни замон сабаб ва дигар ҳолатҳои рух додани ин садама мавриди таҳқиқ қарор доранд.
АКС аз бойгонӣ








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






