Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 20 июл боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 то 20 июл дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво боқӣ монда, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водигӣ 42+47 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар робита ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват менамояд, ки барои ҳифзи саломатии худ ва атрофиён тадбирҳои пешгирикунандаро қатъиян риоя намоянд.
Баланд шудани ҳарорати ҳаво яке аз омилҳои муҳими хавф барои саломатии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, метавонад боиси беобшавии организм, ихтилоли мубодилаи обу намак, гармозадагӣ, вайроншавии фаъолияти дилу рагҳо, авҷ гирифтани бемориҳои музмин ва дигар ҳолатҳои фавқулодаи тиббӣ гардад.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, таъсири манфии гармии шадид бештар ба кӯдакони хурдсол, шахсони калонсол, занони ҳомила, шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, бемориҳои музмини роҳҳои нафас ва кормандоне, ки фаъолияти меҳнатии худро дар муҳити кушод анҷом медиҳанд, мерасад.
Тавсия дода мешавад, ки аз будубоши тӯлонӣ дар зери нурҳои мустақими Офтоб худдорӣ намоянд, мунтазам оби нӯшокии тоза истеъмол намуда, аз талафоти моеъи организм пешгирӣ кунанд, аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, нӯшокиҳои дорои миқдори зиёди қанд ва кофеин худдорӣ намоянд, либосҳои сабук, васеъ ва аз матоъҳои табиӣ пӯшида, аз воситаҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла кулоҳ, чатр ва айнаки офтобӣ истифода баранд.
Нишонаҳои асосии гармозадагӣ аз баланд шудани ҳарорати бадан, дарди шадиди сар, сарчархзанӣ, заъфи умумӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, нафаскашии тез, вайроншавии ҳуш ва беҳушӣ иборат мебошанд. Ҳангоми пайдо шудани чунин аломатҳо зарур аст, ки шахси зарардида фавран ба ҷои салқин интиқол дода шуда, тадбирҳои аввалини хунуккунии бадан андешида шаванд ва барои расонидани ёрии тиббии фаврӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ё хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат карда шавад.
Таъкид карда мешавад, ки кӯдаконро ҳатто барои муддати кӯтоҳ дар дохили воситаи нақлиёти таваққуфкарда танҳо нагузоред, зеро ҳарорати дохили воситаи нақлиёт метавонад дар муддати хеле кӯтоҳ ба дараҷаи барои ҳаёт хатарнок расад.
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои гармои шадид, махсусан аз соати 11:00 то 17:00 аз қарор гирифтан дар зери нурҳои мустақими Офтоб бояд худдорӣ карда шавад. Ҳамчунин барои пешгирии беобшавии организм бояд давоми рӯз ба миқдори кофӣ оби тозаи ошомиданӣ истеъмол намуд.
АКС: Дидор Саъдуллоев








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






