Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст

Июль 5, 2026 10:10

ДУШАНБЕ, 05.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи июни соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 14 ҳазору 777 гектар шолӣ кишт карда шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии мамлакат.

Биринҷ яке аз ғалладонагии бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста мешавад, зеро он баъд аз ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Олимони соҳаи кишоварзӣ бар он назаранд, ки дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ парвариш карда шуда, истеъмоли солонаи он ба як нафар аз 12 то 15 килограмм рост меояд.

Ҳосили шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст шолиро ҳарчӣ бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровонии биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд.

Агар риояи қоидаҳои технологӣ хуб ба роҳ монда шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад.

Чуноне ки таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлати Ютаи ИМА) гузаронида нишон медиҳад, агар ин шароит риоя шавад, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад. Бояд тазаккур дод, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордода истифода шудааст.

Ба гуфти табибон, биринҷ меъдаро қувват мебахшад, ҳангоми қабзият муфид аст ва бӯйи нохуши даҳонро нест мекунад. Шӯлае, ки аз орди биринҷ дар шарбати харбуза пухта шудааст, доғи кунҷитакро меравонад.

Дар таркиби он 78 фоиз карбогидратҳо мавҷуд буда, аз тиамин-В1, рибофлавин-В2, ниатсин-В3, В6 ва витаминҳои Е бой аст. Аз сабаби зиёд будани калий дар таркибаш он миқдори намакро, ки бо маҳсулоти дигар ба организм ворид мешавад, ба эътидол меорад.

Аз сабаби он ки дар таркиби биринҷ умуман намак мавҷуд нест, онро ҳамчун ғизо ба афроди гирифтори бемориҳои дилу раг, гурда ва онҳое, ки мехоҳанд вазни худро гум кунанд, тавсия медиҳанд.

Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад. Витаминҳои гурӯҳи Б асабро ором мекунанд ва ба пӯст, нохун ва мӯй беҳбудӣ мебахшанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2026 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд