Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд

Июль 22, 2026 16:37

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар Тоҷикистон 604 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 21 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вазир гуфт, ин омор нишон медиҳад, ки то ҳол бархе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бовар доранд.

«Аз рӯзноманигорон ва дигар масъулини дахлдор хоҳиш мекунем, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт тақвият бахшанд. Мубориза бо ҷодугарӣ ва фолбинӣ танҳо вазифаи мақомоти корҳои дохилӣ набуда, масъулияти муштараки ҷомеа мебошад»,–таъкид намуд Рамазон Раҳимзода.

Ёдовар мешавем, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон 495 ҳолати ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор гардида буд. Яъне, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 шумораи чунин ҳолатҳо 109 адад зиёд шудааст.

Солҳои охир дар ҷомеа шумораи одамоне, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ рӯй овардаанд, зиёд гардидааст. Дар ин самт аз ҷониби кормандони милитсияи ҷумҳурӣ ҳамарӯза дар саросари мамлакат амалиёти санҷишӣ гузаронида мешаванд.

Ҳарчанд Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба сокинон зарари фолбинӣ ва сеҳру ҷодуро фаҳмонида, таъкид менамоянд, ки машғул шудан ба фолбинӣ ва боварӣ ба фолбинону истифода аз хизмати соҳирон нангинтарин амал ба шумор меравад, аммо аксари онҳо дидаю дониста, боз ба ин кирдори номатлуб даст мезананд.

Дар Тоҷикистон барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ карда шудааст. Ба ҳамаи онҳое, ки маротибаи аввал ба даст меафтанд, тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи аз 6000 то 7500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати то 15 рӯз таҳдид менамояд. Барои такрори қонуншиканӣ ё вазнинтар эътироф шудани амалу кирдор тибқи моддаи 240.1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи он ҷарима ба маблағи аз 112 ҳазору 500 то 150 000 сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол пешбинӣ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки шуруъ аз 31 июли соли 2025 дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 482 илова 1 (истифода аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин) мавриди амал қарор гирифт. Тибқи талаботи ин модда нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинон рафта, аз чунин хизматрасониҳо истифода мебаранд, ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз 50 (3750 сомонӣ) то 60 (4500 сомонӣ) нишондиҳанда пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, аз хизматрасонии онҳо истифода мекунанд, акнун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 22, 2026 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид