Дар Тоҷикистон дар беш аз 3 ҳазор гектар ҷангалзор бунёд ва барқарор карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангали мамлакат корҳои бунёд ва барқароркунии ҷангалзор ва бунёди плантатсияҳо дар майдони умумии 3 ҳазору 298,3 гектар анҷом дода шуданд. Дар ин хусус муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Шарифзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар ин давра, аз ҷумла дар 1 ҳазору 230,4 гектар ҷангал бунёд гардида, дар 1 ҳазору 874,4 гектар корҳои барқароркунии ҷангал гузаронида шуданд. Инчунин дар 193,5 гектар плантатсияҳои хуч, писта, чормағз ва дигар намуди дарахтон бунёд карда шуданд.
Таъкид гардид, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии хоҷагии ҷангал ва ташкилоту муассисаҳои соҳаи хоҷагии ҷангал пешбурди корҳои бунёду барқароркунии ҷангалзор мебошад.
Инчунин дар ин давра корҳои пурракунии зичии ниҳолҳо дар 1 ҳазору 121,1 гектар, нигоҳубини ҷангал дар 10621 гектар ва мусоидат намудан ба худбарқароршавии ҷангал дар 7252 гектар гузаронида шуданд.
Гуфта шуд, ки дар низоми Агентии хоҷагии ҷангал дар самти ба роҳ мондани корҳои ниҳолпарварӣ 5 корхонаи воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, 1 минтақаи таҷрибавию истеҳсолӣ ва 42 ниҳолхонаи хурди назди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал фаъолият доранд.
Бо мақсади зиёд намудани шумораи парвариши ниҳолҳо дар 34 муассисаи давлатии хоҷагиҳои ҷангал соли 2026 дар 40 гектар ташкил намудани ниҳолхонаҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Иҷрои ин чорабинӣ бозгӯи он аст, ки муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ташкили ниҳолхонаҳои навро дар солҳои 2025-2026 дар 78,33 гектар ба роҳ мондаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






