Дар Женева ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои СУМЗ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 15 июл дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 68-уми Ассамблеяи давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Ассамблея роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии давлатҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок намуданд.
Мирзо Исмоилзода дар ҳамоиш оид ба вазъи кунунии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт. Иброз гардид, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳуҷҷатҳои муҳими соҳавӣ дар соҳа муваффақияти назаррас ба даст омада, низоми мукаммали моликияти зеҳнӣ ташаккул ёфт.
Дар доираи ҳамоиш намояндагони Тоҷикистон барои тавсеа ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ бо роҳбарон ва намояндагони якчанд давлати хориҷии дуру наздик, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, ҷумҳуриҳои Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Узбекистон ва намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ вохӯриҳои дуҷониба гузарониданд.
Ҳамзамон ҷаласаи Гурӯҳи кории давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ (CACEEC) оид ба моликияти зеҳнӣ доир гардида, ҳайати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амали минтақавӣ дар самти моликияти зеҳнӣ таклифҳо пешниҳод намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






