Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид

Июль 19, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои духтаронаи то 17-сола баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи натиҷаи қуръакашӣ, дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) ба гурӯҳи «А» ҳамроҳ бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дохил шуд.

Бозиҳои гурӯҳи «А» аз 5 то 11 октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Дар марҳилаи интихобии мусобиқа 30 даста иштирок намуда, онҳо тибқи қуръакашӣ ба ҳашт гурӯҳ тақсим шуданд. Аз ин шумора шаш гурӯҳ аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ аз се даста иборат мебошанд.

Ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 танҳо ғолибони гурӯҳҳо роҳхат мегиранд. Қаҳрамони феълии мусобиқа — Кореяи Шимолӣ, инчунин тимҳои Ҷопон, Австралия ва мизбони марҳилаи ниҳоӣ — Чин аллакай ҷойгоҳи худро дар қисми ниҳоии мусобиқа таъмин кардаанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 19, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад