Доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар Ҳисор ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳифзи сулҳу субот ва муборизаи дастҷамъона бар зидди коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо масъулияти шаҳрвандии ҳар хизматчии давлатӣ ва сокини ватандӯст мебошад. Ин нукта дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор баргузор шуд, баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки зимни ҳамоиш иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» яке аз ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки ин иқдом барои таъмини суботу амнияти сайёра ва тарбияи наслҳои оянда дар руҳияи сулҳхоҳӣ нақши барҷаста дорад.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 25 июни соли 2026 қатъномаи нав «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»-ро бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард. Ин ташаббус ба ҳифзи наслҳои оянда аз ҷангҳо ва таҳкими фарҳанги сулҳ равона шудааст. Санади мазкур дастоварди муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва сиёсати сулҳҷӯёнаи давлати моро эътироф намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад Гуфта шуд, ки қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд. Ин санад аз ҳама давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар тамоми сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд. Инчунин давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид уҳдадор шуданд, ки принсипҳои оинномаи созмонро барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳо амалӣ намоянд.
Иштирокдорони ҳамоиш «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро масъулияти бузурге бар зиммаи ҷомеа номиданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ҳадафҳои Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда танҳо дар шароити волоияти қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва муборизаи беамон бо коррупсия имконпазир мебошад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар байни хизматчиёни давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
«РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ». Барои Тоҷикистон ин дастоварди дипломатӣ ва масъулияти бузург аст






