Доир ба хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаю муассисаҳои дахлдор таҳти унвони «Хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, конференсия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» гузаронида шуд.
Зимни конференсия масъалаҳои марбут ба таҳкими амнияти миллӣ, пешгирии ифротгароӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа дар самти муқовимат ба таҳдидҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён нақши таҳқиқоти илмӣ, маърифати ҳуқуқию динӣ, ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар муқовимат ба таҳдидҳои муосир муҳим арзёбӣ намуданд.
Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайазам Қодирзода иброз дошт, ки дар шароити муосир ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими амнияту суботи сиёсӣ, пешгирии ифротгароӣ ва истифодаи дин бо ҳадафҳои сиёсӣ аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини озодии виҷдон ва эҳтиром ба арзишҳои динӣ аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба принсипҳои таҳаммулгароӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа асос ёфтааст.
«Фарҳани миллии мо тоҷикон бо арзишҳо ва муққадасоти динии мо омехта аст ва онҳоро аз ҳам ҷудо кардану муқобил гузоштан хатои бузург аст. Ҳифзи онҳо аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад»,–афзуд Сайазам Қодирзода.
Такид шуд, ки пешгирии сиёсисозии дин, махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию динӣ, баргузор намудани вохӯриҳо бо аҳолӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Танҳо тавассути ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, зиёиён, ходимони дин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавон фазои солими сиёсивю маънавиро таҳким бахшида, ҷавононро аз таъсири ақидаҳои ифротӣ ҳифз намуд.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода баён намуд, ки ҳар як шаҳрванд бояд моҳияти воқеии дин ва нақши давлатро дуруст дарк намояд, зеро суботи давлат кафолати таъмини озодии эътиқод ва рушди ҷомеа мебошад.
Гуфта шуд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 22 майи соли 2016 ба таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва пешгирии истифодаи дин бо ҳадафҳои сиёсӣ равона мебошад. Он ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва суннатҳои таҳаммулгароии ҷомеаи тоҷик мухолифат надоранд.
Абдураҳим Холиқзода иброз намуд, ки сиёсати имрӯзаи давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсати демократӣ дар муносибат ба дин комилан ба манфиати давлат ва миллат мувофиқ аст. Ҷомеа бояд дуруст дарк кунад, ки давлати Тоҷикистон дар муносибат бо дин дар доираи талаботи арзишҳои мазҳабӣ ва эътиқодӣ муносибат дорад.
«Дин ва сиёсат рукни муҳими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошанд. Дин – вазифаи тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, эътиқодӣ рӯҳии мардумро ба душ дорад. Сиёсат бошад масъалаи тинҷию оромӣ, идораю низому адлу инсофро бар зимма гирифтааст. Таҷрибаи ҳазорсолаҳо аз минбардорӣ ва таввасути сухан ба кор андохтани неруи созандаи мардумро имрӯз низ мавриди амал қарор диҳем. Ҳар як шаҳрванд бояд дину имонро дуруст шиносад ва хуб дарк кунад. Зеро унсури муҳими ҷомеа ҳам эътиқод ва ҳам давлат аст»,–чунин шарҳ дод Абдураҳим Холиқзода.
Дар анҷоми конференсия иштирокчиён зарурати густариши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, маърифатӣ ва тарбиявиро барои ҳифзи ваҳдати миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва пешгирии омилҳои таъсиргузор ба амнияти ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд






