Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Июль 27, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфан Аҳмад мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Покистонро, ки бар пояи дӯстии анъанавӣ, эҳтироми мутақобил ва эътимоди сиёсӣ асос ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Шаҳбоз Шариф пайваста таҳким ёфта, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳдиду хатарҳои киберӣ, инчунин роҳҳои таҳкими ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ду кишвар дар самти таъмини амният ва мубодилаи иттилоот баррасӣ гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақа изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 27, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд