Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд

Июль 28, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ 27 июл зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамкории дуҷонибаро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,  аз ҷумла терроризму эктремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду давлат баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки рушди ҳамкории судманд дар самти таъмини амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона мусоидат менамояд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкории тарафайн дар самтҳои пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд