Моҳи август Озмуни ҷумҳуриявии «Топ-35-шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад

Июль 17, 2026 10:28

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Душанбе моҳи август бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35- шарики боэътимоди сол» баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода 14 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон  баргузор гардида, дар он соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон иштирок менамоянд.

Мақсади озмун муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарин ва боэътимод ва баланд бардоштани нуфузу эътибори  соҳибкорони ватанӣ байни доираҳои соҳибкории мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2026 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд