НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» ба 27,8 ҳазор муштарӣ 1,2 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» дар шаш моҳи соли 2026 бо назардошти қарзҳои байнибонкӣ 1,2 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин хусус Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода 17 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра «Амонатбонк» ба 27,8 ҳазор муштарӣ қарзҳо пешниҳод намуд. Дар ин давра сандуқи қарзии «Амонатбонк» ба зиёда аз 4 миллиард сомонӣ расонида шуда, шумораи қарзгирон аз рӯи бақияи қарзҳо 85 ҳазорро ташкил менамояд. Ҳаҷми сандуқи қарзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 21,9 фоиз ва шумораи қарзгирон 3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таъкид шуд, ки маблағҳои қарзӣ ба аҳолӣ, ба соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ, саноат, тиҷорат, сохтмон хариди манзил ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиёт равона карда шудаанд. Хусусан барои дастгирии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва саҳгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ «Амонатбонк» қарзи имтиёзноки «Дастгирии деҳқон»-ро фаъол гардонидааст.
Дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ аз ҳисоби хатҳои қарзии Ҷамъияти саҳомии «KazakhExport»-и Қазоқистон ва Бонки давлатии рушди Чин ба 21 ширкати ватанӣ дар маҷмуъ 39,5 миллион доллари амрикоӣ ва 5,9 миллион юани чинӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод гардидаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






