НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд

Июль 7, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 07.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 22 ҳазору 933 дона тухми паранда бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи байторию беҳдоштӣ аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иттилоъ дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 803 ҳазору 37 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 44243,3 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 5809,3 (литр) маҳсулоти ширӣ, 1324,3 литр равғани растанӣ, 22933 дона тухми паранда, 603,1 килограмм моҳӣ, 247 килограмм асал, 3933 килограм маҳсулотҳои намакин, 4933 килограм маҳсулоти хушк, 124306,5 килограмм меваю сабзавот ва 9471 килограмм маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, дар шаш моҳ дар ҷумҳурӣ 1 ҳолати барангезандаи бемории пастереллёзи чорвои майда, 2 ҳолати барангезандаи бемории Қарасон ва дар 14 ҳолати дигар барангезандаи бемории ҳорӣ ба қайд гирифта шуд.

Нуқтаҳои номусоиди бемориҳои сироятӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, дар манбаъҳои номусоид, таҳдидкунанда ва дорои пайдоиши хавф сари вақт чорабиниҳои солимгардонӣ, эмгузаронии маҷбурии саршумори ҳайвонот ва корҳои безараргардонию маҳдудкунӣ гузаронида шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 7, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид