НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 37 ташкилоти минтақавии бақайдгирӣ харитаҳои кадастрӣ ҷорӣ карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи заминсозӣ ҷорӣ намудани харитаҳои кадастрӣ (рақамӣ) дар ташкилоти минтақавии бақайдгирӣ мебошад, ки ба ҳалли масъалаҳои ҳудудию маъмурӣ мусоидат мекунад. Дар айни замон дар 37 ташкилоти минтақавии бақайдгирӣ харитаҳои кадастрӣ дар шакли рақамӣ ҷорӣ гардидаанд, ки мавриди корбарӣ қарор доранд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба хабарнигорон хабар дод.
Харитаҳои кадастрӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Спитамен, Истаравшан, Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристони вилояти Суғд; шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Данғара, Норак, Кӯлоб, Темурмалик, Хуросон, Кӯшониён, Ховалинг ва Қубодиёни вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Файзобод, Роғун, Нуробод, Лахш ва Тоҷикободи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мавриди корбарӣ қарор дода шудаанд.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки то 30 июни соли равон шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 200 ҳазору 97 ададро ташкил медод. Дар шашмоҳаи якуми соли равон 1330 хоҷагии деҳқонии навтаъсис, аз ҷумла 414 адад дар вилояти Суғд, 573 адад дар вилояти Хатлон, 82 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 261 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Шумораи умумии саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 796 ҳазору 94 нафар буда, дар вилояти Суғд 296 ҳазору 448 нафар, дар вилояти Хатлон 373 ҳазору 379 нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 23 ҳазору 719 нафар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 102 ҳазору 548 нафар ба қайд гирифта шудаанд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






