НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодии Тоҷикистон 2018 парванда баррасӣ гардид

Июль 17, 2026 14:12

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас таҷлил менамоянд. Дар ин замина дар дастгоҳи марказии Суди Олии иқтисодӣ гӯшаи ҷашнии 35 –солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки дар он дастовардҳои дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ноилшудаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фаъолияти судҳои иқтисодӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар ин хусус Раиси Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ Зебониссо Абдуллозода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ин давра фаъолияти судҳои иқтисодии мамлакат ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ ва татбиқи самараноки сиёсати ҳуқуқии давлат равона гардид. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми соли 2026 дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ ҷамъ 2 018 парванда баррасӣ гардид, ки бо баровардани ҳалнома 1 ҳазору 170 парванда истеҳсолот доир ба 72 парванда қатъ карда шуда, қабули 8 ариза рад, 113 ариза бебаррасӣ мононда, 3 парванда ва 3 ариза аз рӯи тобеият ирсол карда шудаанд.

Инчунин дар ин давра 172 аризаи даъвогӣ ва шикоятҳо беҳаракат мононда шуда, 197 аризаву шикоят бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Зебониссо Абдуллозода афзуд, ки дар марҳилаҳои кассатсионӣ 181 парванда, назоратӣ 147 парванда ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 2 парванда дар ин давра баррасӣ карда шудааст. Зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 1 миллиону 428 ҳазору 817,21 сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт гардид.

Дар ин давра муроҷиати соҳибкорон ба судҳои иқтисодии мамлакат коҳиш ёфтааст, ки ин тамоюл бозгӯи таъмини адолати судӣ, таҳкими қонуният ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2026 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд