НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят дар шаш моҳи соли 2026 10,3 фоиз паст гардидааст. Дар ин хусус Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки тамоюли паст гардидани сатҳи коҳиши ҷиноятҳо дар ҷумҳурӣ фаъолияти самараноки мақомоти Прокуратураи генералӣ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷумҳурӣ мебошад.
Ин аст, ки дар шаш моҳи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 11 ҳазору 731 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1 ҳазору 358 ҷиноят кам мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд. Тамоюли 10,3 фоиз кам гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар мамлакат дар шаш соли охир бори аввал ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин давра, пеш аз ҳама, ҷиноятҳои вазнин, ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шахсони қаблан судшуда содир шудаанд, ба монанди роҳзанӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, тамаъҷӯӣ, авбошӣ, таҷовуз ба номус, савдои одамон, ҷиноятҳои экстремистию террористӣ коҳиш ёфтаанд. Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷумла, 576 ҷинояти дорои хусусияти экстремистию террористӣ содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 109 адад кам аст.
Новобаста ба коҳиш ёфтани баъзе ҷиноятҳо, мутаассифона, дар ин давра бархе аз ҷиноятҳои вазнин тамоюли болоравӣ доранд. Тавре дар нишасти матбуотӣ Прокурори генералӣ иттилоъ дод, дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҷиноятҳои марбут ба куштор 41 ададро ташкил дода, 13 адад зиёд шудааст ва тамоми ҳолатҳо кушода шудааст. Ҳаҷми ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда, худсарона ишғол намудани қитъаи замин, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин ҳолатҳои содир шудани ҳодисаҳои нақлиётӣ низ дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтаанд, ки ташвишовар мебошанд.
Таъкид шуд, ки дар ин давра ҳолатҳои ғайриқонунӣ дастгир кардан, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё ҳукми сафедкунанда баровардан аз ҷониби судҳо ҷой надорад.
Иброз гардид, ки дар ин давра фаъолияти мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба пешгирии ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи он, истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, риояи қонунгузорӣ дар самти танзими ҷашну маросим, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, масъалаҳои марбут ба замин, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус байни ноболиғону ҷавонон, таълимоти ғайриқонунии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропии сахттаъсир ва прекурсорҳо, инчунин дигар қонунгузориҳо равона карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






