НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

Июль 17, 2026 10:07

ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 47 муассисаи илмӣ ва таҳқиқотии хориҷӣ ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, дар шашмоҳаи соли 2026 барои рушди робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкории коршиносӣ 4 Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин марказ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин–Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба таъсиси Шурои коршиносони Тоҷикистону Узбекистон ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расонида шуданд.

Иброз гардид, ки ҳамкорӣ бо марказҳои тадқиқотии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Корея, Иттиҳоди Аврупо, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳо мунтазам тақвият ёфта, дар доираи он табодули афкор, таҷриба ва иттилооти илмӣ-таҳлилӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро бо муассисаҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии кишварҳои хориҷӣ густариш дода, таҷрибаи таҳлилӣ ва коршиносии кормандонро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2026 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд